eDavlat
State symbols
EN
TJ
RU
EN
State authorities
Loading…
Online chat
Open menu
EN
TJ
RU
EN
ЛЕВАКАНТ: ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН АЗ ҶОНИБИ РАИСИ ШАҲР
Home
More
Executive Body of State Power of the City of Levakant
News
ЛЕВАКАНТ: ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН АЗ ҶОНИБИ РАИСИ ШАҲР
2 March 2026
ЛЕВАКАНТ: ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН АЗ ҶОНИБИ РАИСИ ШАҲР
28-уми феврал, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси шаҳр Муминзода Мастура Табарӣ баргузор шуд. Дар рафти ин вохӯрӣ сокинони шаҳр бо масъала ва дархостҳои гуногун ба роҳбарияти…
28-уми феврал, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси шаҳр Муминзода Мастура Табарӣ баргузор шуд. Дар рафти ин вохӯрӣ сокинони шаҳр бо масъала ва дархостҳои гуногун ба роҳбарияти шаҳр муроҷиат намуданд.
Раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ муроҷиатҳои шаҳрвандонро бодиққат шунида, барои баррасӣ ва ҳалли саривақтии онҳо ба масъулини сохторҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Бояд қайд кард, ки муроҷиатҳо асосан ба масъалаҳои иҷтимоӣ, таъминоти коммуналӣ, замин, шуғли аҳолӣ ва беҳбуди шароити зист марбут буданд.
Зимни қабул таъкид карда шуд, ки баррасии саривақтӣ ва одилонаи муроҷиатҳои шаҳрвандон яке аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти иҷроия ба ҳисоб рафта, барои таҳкими эътимоди мардум ба ҳокимият мусоидат менамояд.
Ҳамзамон, масъулин вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати ҳалли масъалаҳои матраҳшуда чораҳои амалӣ андешида, натиҷаро ба муроҷиаткунандагон расонанд.
Бояд зикр намуд, ки чунин қабули шаҳрвандон дар шаҳри Левакант мунтазам баргузор гардида, ба таҳкими робитаи мустақими байни роҳбарияти шаҳр ва сокинон заминаи мусоид фароҳам меорад.
Centralised website of government and municipal services