23 феврал, дар шаҳри Левакант бахшида ба 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид. Маросими тантанавӣ дар саҳни Қасри фарҳанги шаҳри Левакант доир шуда, бо иштироки доираи васеи…
23 феврал, дар шаҳри Левакант бахшида ба 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид. Маросими тантанавӣ дар саҳни Қасри фарҳанги шаҳри Левакант доир шуда, бо иштироки доираи васеи меҳмонон ва сокинони шаҳр ҷараён гирифт.
Дар чорабинӣ раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ, муовинони раиси шаҳр, роҳбарону кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони соҳа, фаъолони ҷомеа ва ҷавонони фаъол ширкат варзиданд. Ҳузури густурдаи намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа шаҳодати эҳтироми баланд ба Артиши миллӣ ва қадршиносии хизматҳои он дар роҳи ҳифзи истиқлолу амнияти кишвар мебошад.
Дар қисмати расмии чорабинӣ раиси шаҳр зимни суханронии худ ҳамаи иштирокчиёнро ба муносибати 33-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар самимона табрик намуда, таъкид кард, ки Артиши миллии Тоҷикистон имрӯз ба як неруи муташаккил ва пуриқтидор табдил ёфтааст. Зикр гардид, ки бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мустаҳками рушду такомули Қувваҳои Мусаллаҳ фароҳам оварда шуда, имрӯз онҳо баҳри ҳифзи марзу буми кишвар, суботу оромӣ ва амнияти ҷомеа содиқона хизмат менамоянд.
Ҳамчунин дар фазои тантанавӣ як қатор роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва фаъолони шаҳр барои саҳми арзанда дар таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ва ҳамкориҳои самаранок бо сохторҳои низомӣ бо Сипосномаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо қадамзании низомии ҷавонон оғоз ёфта, сипас барномаи рангини консертӣ пешкаши ҳозирин гардид.
Наврасону ҷавонон ва аҳли фарҳанги шаҳр бо суруду таронаҳои ватандӯстона, саҳнаҳои тарбиявӣ ва баромадҳои ҳунарӣ руҳияи ватандорӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба Артиши миллиро тараннум намуданд.
Чорабинии идона дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, ифтихор аз давлату миллат ва эҳсоси баланди масъулияти шаҳрвандӣ баргузор гардида, бори дигар собит сохт, ки сокинони шаҳри Левакант ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон арҷ гузошта, онро сипари боэътимоди давлату миллат меҳисобанд.