Беморхона ҳамчун муассисаи муҳими тандурустӣ вазифаи пешгирӣ, ташхис, табобат ва барқарор намудани қобилияти меҳнатии беморонро ба уҳда дорад. Бо вуҷуди ин, дар ҷараёни расонидани кӯмаки тиббӣ баъзан ҳолатҳои сироятёбӣ ба амал меоянд, ки онро…
Беморхона ҳамчун муассисаи муҳими тандурустӣ вазифаи пешгирӣ, ташхис, табобат ва барқарор намудани қобилияти меҳнатии беморонро ба уҳда дорад. Бо вуҷуди ин, дар ҷараёни расонидани кӯмаки тиббӣ баъзан ҳолатҳои сироятёбӣ ба амал меоянд, ки онро сирояти дохилибеморхонавӣ меноманд. Яке аз чунин сироятҳои хавфнок ин вируси норасоии масунияти одам мебошад, ки метавонад дар шароити муассисаҳои тандурустӣ паҳн гардад.
Сирояти дохилибеморхонавии ВНМО дар муассисаҳои тиббӣ асосан дар се ҳолат ба амал меояд: интиқол аз бемор ба бемор, аз бемор ба корманди тиб ва аз корманди тиб ба бемор. Чунин сироят бештар ҳангоми осеби тасодуфии асбобҳои нугтез ё сӯзандоруҳо, тамос бо хуни сироятёфта, истифодаи асбобҳои тиббии тамизношуда, инчунин ҳангоми хунгузаронӣ ва трансплантатсияи узвҳо рух медиҳад.
Имрӯзҳо, сарфи назар аз ҷорӣ гардидани ташхиси фаврии хун барои муайян намудани антителаҳои ВНМО ва назорати қатъии маводи донорӣ, ҳолатҳои сироятёбӣ ҳангоми хунгузаронӣ дар баъзе кишварҳои ҷаҳон то ҳол ба қайд гирифта мешаванд. Яке аз мушкилоти асосӣ мавҷудияти давраи ба ном «равзанаи пинҳонӣ» мебошад, ки дар он муайян кардани ҳамаи шахсони сироятёфта имконнопазир аст.
Омилҳое, ки ба пайдоиши сирояти дохилибеморхонавии ВНМО мусоидат мекунанд, гуногунанд. Аз ҷумла, истифода накардани воситаҳои муҳофизатии фардӣ аз ҷониби кормандони тиб, беаҳамиятӣ ва хунукназарӣ нисбат ба талаботи бехатарӣ, сифати пасти безараргардонии асбобҳои тиббӣ, беназоратӣ ва риоя накардани қоидаҳои санитарию зиддиэпидемикӣ дар дохили муассисаҳо метавонанд хавфи сироятро зиёд намоянд.
Пешгирии сирояти дохилибеморхонавии ВНМО яке аз масъалаҳои муҳимтарини соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад. Пешгирӣ роҳи самараноктарин ва боэътимоди мубориза бо ин сироят мебошад. Баланд бардоштани масъулият, сатҳи касбият ва савияи донишҳои кормандони тиб, истифодаи ҳатмии воситаҳои муҳофизатии фардӣ, муомилаи дуруст бо партовҳои тиббӣ, инчунин риояи қатъии қоидаҳои санитарию зиддиэпидемикӣ чораи асосии пешгирии сирояти ВНМО мебошанд.
Дар ин самт Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО нақши муҳим мебозад. Марказ бо расонидани ёрии методӣ, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва назорати риояи меъёрҳои санитарӣ дар муассисаҳои тандурустӣ барои пешгирии сирояти дохилибеморхонавии ВНМО мусоидат менамояд.
Ҳамин тавр, мубориза бо сирояти дохилибеморхонавии ВНМО аз ҳар як корманди соҳаи тиб масъулияти баланд ва муносибати ҷиддиро талаб мекунад. Танҳо тавассути пешгирии мунтазам ва риояи талаботи бехатарӣ метавон сатҳи чунин сироятҳоро коҳиш дода, саломатии ҷомеаро ҳифз намуд.
Одинаев Беҳрӯз-директори МД Маркази пешгирии ВНМО-и шаҳри Левакант