eDavlat
State symbols
EN
TJ
RU
EN
State authorities
Loading…
Online chat
Open menu
EN
TJ
RU
EN
ЛЕВАКАН: ВОХӮРИИ ТАБЛИҒОТӢ ОИД БА ТАҲКИМИ ҲИССИ МИЛЛӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ
Home
More
Executive Body of State Power of the City of Levakant
News
ЛЕВАКАН: ВОХӮРИИ ТАБЛИҒОТӢ ОИД БА ТАҲКИМИ ҲИССИ МИЛЛӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ
Centralised website of government and municipal services
26 February 2026
ЛЕВАКАН: ВОХӮРИИ ТАБЛИҒОТӢ ОИД БА ТАҲКИМИ ҲИССИ МИЛЛӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ
23-юми феврал, дар толори МИҲД-и шаҳри Левакант вохӯрии судманд бо фаъолон ва намояндагони касбу кори гуногун баргузор гардид. Чорабинӣ дар доираи иҷрои нақшаи тасдиқгардида барои нимсолаи якуми соли 2026 оид ба баргузории чорабиниҳои таблиғотӣ…
Previous slide
Next slide
23-юми феврал, дар толори МИҲД-и шаҳри Левакант вохӯрии судманд бо фаъолон ва намояндагони касбу кори гуногун баргузор гардид. Чорабинӣ дар доираи иҷрои нақшаи тасдиқгардида барои нимсолаи якуми соли 2026 оид ба баргузории чорабиниҳои таблиғотӣ ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ аз ҷониби Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар доир карда шуд.
Дар вохӯрӣ муовини аввали раиси шаҳри Левакант Чилазода Холмаҳмад, нозири калони Шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар Қурбонзода Манучеҳр Мусо ва нозири ҳамин шуъба Файзализода Шаҳбоз иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни чорабинӣ масъалаҳои муҳими марбут ба таҳкими арзишҳои миллӣ, эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Иштирокдорон таъкид карданд, ки худшиносии миллӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ заминаи асосии рушди устувори ҷомеа ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ ба шумор меравад.
Вобаста ба масъалаҳои дар боло зикршуда, сухан ба намояндаи хадамоти зиддикоррупсионӣ Қурбонзода Манучеҳр Мусо дода шуд. Мавсуф зимни баромади худ оид ба сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо коррупсия, тадбирҳои амалишаванда ҷиҳати пешгирӣ ва ошкорсозии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, инчунин масъулияти ҳар як шаҳрванд дар таъмини шаффофият ва қонуният ибрози назар намуд.
Қайд гардид, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти марбута набуда, балки масъулияти дастаҷамъонаи тамоми қишрҳои ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, густариши корҳои фаҳмондадиҳӣ ва баргузории чунин вохӯриҳо метавонад дар ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ва боло бурдани сатҳи масъулиятшиносии шаҳрвандон нақши муассир гузорад.
Дар анҷоми вохӯрӣ миёни иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифта, ба саволҳои пешниҳодшуда посухҳои мушаххас дода шуданд. Ташкили чунин чорабиниҳо дар дигар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар низ идома хоҳад ёфт.