25-уми феврал, дар шаҳри Левакант гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ки аз масъулини шуъбаву бахшҳои марбутаи мақомоти иҷроия иборат буд, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти шаҳр ва баланд бардоштани сатҳи маърифати…
25-уми феврал, дар шаҳри Левакант гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ки аз масъулини шуъбаву бахшҳои марбутаи мақомоти иҷроия иборат буд, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти шаҳр ва баланд бардоштани сатҳи маърифати шаҳрвандон корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд.
Чорабинӣ дар кӯчаҳои кӯчаи А. Рӯдакӣ, кӯчаи Имоми Аъзам, кӯчаи Шириншоҳ Шоҳтемур, кӯчаи Ҷалолуддини Балхӣ ва кӯчаи Мирзо Турсунзода баргузор гардида, бо сокинон тариқи усули «Хона ба хона» мулоқоту суҳбатҳо анҷом дода шуданд.
Зимни вохӯриҳо масъулин оид ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, тозагии муҳити зист, истифодаи самараноки неруи барқ, пешгирии қонуншиканиҳо, тарбияи дурусти фарзандон, инчунин саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию созандагӣ ба сокинон тавзеҳот доданд. Таъкид гардид, ки ҳар як шаҳрванд бояд дар нигоҳдории тозагӣ ва ободии кӯчаву маҳалла саҳми арзандаи худро гузорад.
Ҳамчунин, ба аҳолӣ ҷиҳати сари вақт пардохт намудани маблағи хизматрасониҳои коммуналӣ, пешгирии ҳолатҳои сӯхтор ва риояи қоидаҳои истифодаи таҷҳизоти барқӣ тавсияҳои мушаххас пешниҳод карда шуданд.
Иқдоми мазкур бо мақсади таҳкими ҳамкории мақомоти давлатӣ бо аҳолӣ, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ роҳандозӣ гардида, чунин мулоқотҳо минбаъд низ дар дигар кӯчаву маҳаллаҳои шаҳр идома хоҳанд ёфт.