19-уми феврал, гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» бо усули «хона ба хона» корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ анҷом доданд.
Зимни суҳбатҳои рӯ ба рӯ бо сокинон намояндагони мақомоти иҷоия доир ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла риояи қонунгузорӣ, тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии омилҳои номатлуб, баланд бардоштани маърифати сиёсиву иҷтимоӣ ва таҳкими ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ тавзеҳот доданд.
Ҳамзамон, ба аҳолӣ вобаста ба саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию созандагӣ, тозаву озода нигоҳ доштани кӯчаю маҳаллаҳо, истифодаи оқилонаи неруи барқ ва дигар захираҳо, инчунин риояи қоидаҳои санитарӣ ва бехатарӣ тавсияҳои мушаххас пешниҳод гардид. Таъкид шуд, ки танҳо бо ҳамкории зичи ҷомеа ва сохторҳои давлатӣ метавон фазои солиму амн ва муҳити зебову ободро таъмин намуд.
Сокинони кӯчаи Мирзо Турсунзодаи ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» аз чунин ташаббус изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои ҳамкорӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди маҳал баён доштанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант тасмим доранд, ки чунин корҳои таблиғотиро минбаъд низ ба таври мунтазам идома дода, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифату масъулияти шаҳрвандон тадбирҳои зарурӣ амалӣ намоянд.