23-юми феврал, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант маҷлиси назоратии назди раиси шаҳр – Муминзода Мастура Табарӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раис, роҳбарони сохторҳо,…
23-юми феврал, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант маҷлиси назоратии назди раиси шаҳр – Муминзода Мастура Табарӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раис, роҳбарони сохторҳо, масъулини соҳаҳо ва дигар шахсони дахлдор иштирок намуда, як қатор масъалаҳои муҳими иҷтимоиву иқтисодии шаҳр мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷараёни маҷлис рафти гузаронидани ҳашарҳои дастаҷамъона, иҷрои қисми даромади буҷет шаҳр, инчунин баррасии супоришҳои протоколии Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2026 муҳокима гардид.
Ҳамзамон, вазъи нарху навои маҳсулот, бахусус маҳсулоти ниёзи мардум дар моҳи шарифи Рамазон, гузаронидани озмунҳои шаҳрӣ ва даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявӣ, рафти корҳои саҳроӣ дар хоҷагиҳои кишоварзӣ, омодагӣ ба ҷашни байналмилалии Наврӯз ва даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор гирифтанд.
Раиси шаҳр ҷиҳати иҷрои саривақтии масъалаҳои баррасишуда ба масъулин як қатор супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла таъкид гардид, ки нисбати иҷрои нақшаи андозҳо ва кам кардани бақияпулиҳои андоз корбарии ҷиддӣ ба роҳ монда шавад;
Пардохти нафақа ва маош дар навбати аввал таъмин гардад;
Рафти сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ зери назорати қатъӣ қарор гирифта, сатҳи омодагӣ ва муҳлати ба истифода додани онҳо муайян карда шавад;
Ситоди кишоварзӣ рафти корҳои саҳроиро таҳти назорат қарор дода, сифатнокии кишти зироатҳоро таъмин намоянд;
Нишондиҳандаҳои омории шаҳр дар ҳамаи соҳаҳо таҳлил гардида, натиҷагирӣ аз ҷамъбасти моҳи феврал ба роҳ монда шавад;
Аз рафти корҳои иҷрошуда ба унвонии раиси шаҳр гузориши хаттӣ пешниҳод карда шавад.
Бо назардошти вазъи мавҷуда, супориш дода шуд, ки чорабиниҳои омодабошӣ ба ҳолати доимӣ ва сафарбаркунии аҳолӣ санаи 26 феврали соли ҷорӣ ҷиддӣ ба роҳ монда шаванд.
Ҳамчунин масъалаи гузаронидани намози таровеҳ ва ташкили маъракаҳои ифтор зери назорат қарор гирифта, таъкид гардид, ки намози таровеҳ танҳо дар масҷидҳои мувофиқашуда баргузор карда шавад.
Вобаста ба рушди маънавию фарҳангӣ, гузаронидани озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон ватани азизи ман”, “Шоҳномахонӣ”, “Илм фурӯғи маърифат” ва дигар озмунҳо ҷиддӣ ба роҳ монда шуда, ҳафтаи пӯшидани либосҳои миллӣ дар шаҳр ташкил карда шавад.