eDavlat
State symbols
EN
TJ
RU
EN
State authorities
Loading…
Online chat
Open menu
EN
TJ
RU
EN
ЛЕВАКАНТ: «Хона ба хона» дар Хурамдеҳ: корҳои таблиғотии гурӯҳи корӣ дар маҳал вусъат меёбанд
Home
More
Executive Body of State Power of the City of Levakant
News
ЛЕВАКАНТ: «Хона ба хона» дар Хурамдеҳ: корҳои таблиғотии гурӯҳи корӣ дар маҳал вусъат меёбанд
Centralised website of government and municipal services
20 February 2026
ЛЕВАКАНТ: «Хона ба хона» дар Хурамдеҳ: корҳои таблиғотии гурӯҳи корӣ дар маҳал вусъат меёбанд
19-уми феврал, гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант бо ҷалби намояндагони бахши кор бо занон ва оила, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ва дигар…
Previous slide
Next slide
19-уми феврал, гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант бо ҷалби намояндагони бахши кор бо занон ва оила, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ва дигар фаъолон дар деҳаи Хурамдеҳи ҷамоати деҳоти «Гулистон» корҳои таблиғотиро бо усули «хона ба хона» баргузор намуданд.
Ҳадафи асосии чорабинӣ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ, аз ҷумла зӯроварӣ дар оила, никоҳи бармаҳал, ҷинояткорӣ миёни ҷавонон ва инчунин ҷалби сокинон ба корҳои ободониву созандагӣ арзёбӣ гардид.
Зимни мулоқот бо сокинон масъулин доир ба риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, эҳтироми арзишҳои миллӣ, таълиму тарбияи дурусти фарзандон ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ суҳбат ороста, ба саволҳои шаҳрвандон посухҳои мушаххас доданд. Ҳамзамон, вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва ташаккули одатҳои солими зиндагӣ тавсияҳои муфид пешниҳод карда шуд.
Намояндагони гурӯҳи корӣ таъкид намуданд, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба таҳкими ҳамкории ҷомеа бо мақомоти давлатӣ, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва мусоидат ба рушди устувори маҳал мусоидат менамояд.
Корҳои таблиғотӣ бо усули «хона ба хона» дар дигар маҳаллаҳои шаҳр низ идома хоҳанд ёфт.