19-уми феврал, гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант таҳти роҳбарии муовини раиси шаҳр Баротзода Шарифхон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5, бо сокинони деҳаи Хурамдеҳи ҷамоати деҳоти «Гулистон» вохӯрӣ доир намуданд.…
19-уми феврал, гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант таҳти роҳбарии муовини раиси шаҳр Баротзода Шарифхон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5, бо сокинони деҳаи Хурамдеҳи ҷамоати деҳоти «Гулистон» вохӯрӣ доир намуданд.
Дар ин ҳамоиш муовини раиси шаҳр Баротзода Шарифхон, масъулини бахши кор бо занон ва оила, котиби Комиссияи ҳуқуқи кӯдаки Мақомоти иҷроия, директори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант, директори Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳр, варзишгарбону ва ҷоизадори мусобиқаҳои байналмилалӣ Фарзона Ғуломова, инчунин фаъолон ва сокинони маҳаллӣ иштирок доштанд.
Зимни вохӯрӣ нахуст Баротзода Шарифхон чанд нуктаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро шарҳу тавзеҳ дода, ба масъалаҳои доғи рӯз таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Қайд гардид, ки татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, таҳкими худшиносии миллӣ, риояи қонунҳо ва саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию созандагӣ аз вазифаҳои муҳими ҳар як шаҳрванди кишвар ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон сокинон ба истифодаи самараноки замин, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ даъват карда шуданд.
Сипас директори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим Акрамова Суман оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ суханронӣ намуда, аҳамияти риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, гузаштани муоинаҳои саривақтӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солимро таъкид карда, ба иштирокдорон иттиловарақаҳои тавсиявӣ тақсим намуд.
Иштирокдорони дигар низ вобаста ба пешгирии ҷинояткорӣ миёни наврасону ҷавонон, бартараф намудани омилҳои номатлуб, муқовимат ба хурофот ва бегонапарастӣ, инчунин пешгирии пӯшидани либосҳое, ки ба фарҳанги миллии тоҷикон бегонаанд, ибрози назар намуданд. Таъкид гардид, ки ҳамкории зичи оила, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеа метавонад дар тарбияи насли солим ва ватандӯст нақши муассир гузорад.
Дар анҷоми вохӯрӣ сокинон доир ба масъалаҳои мавриди назар саволу пешниҳодҳо ироа намуда, масъулон ба онҳо посухҳои мушаххас доданд. Чунин мулоқотҳо дар самти баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва таҳкими ҳамбастагии ҷомеа муҳим арзёбӣ гардиданд.