18-уми феврал, дар доираи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз, бо ташаббуси бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант чорабинии маърифатӣ-фарҳангии «Мактаб модар» баргузор гардид. Ҳадафи асосии ин…
18-уми феврал, дар доираи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз, бо ташаббуси бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант чорабинии маърифатӣ-фарҳангии «Мактаб модар» баргузор гардид. Ҳадафи асосии ин иқдом таҳкими арзишҳои миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва баланд бардоштани нақши занону бонувон дар ҷомеа арзёбӣ мешавад.
Дар чорабинӣ муовини раиси шаҳри Левакант Баротзода Шарифхон, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант Олимзода Низора, мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Иброҳимова Наргис, масъулини ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» ва дигар фаъолону омӯзгорон иштирок намуданд.
Дар доираи чорабинӣ байни бонувон ва гулдухтарони чор муассисаи таълимии ҳудуди шаҳр маҳорати пухтупаз ва ҳунарҳои дастӣ ба намоиш гузошта шуд. Иштирокчиён тарзи омода намудани таомҳои миллӣ, аз ҷумла оши бурида ва суманакпазиро бо риояи тамоми расму ойинҳои миллӣ манзур намуданд. Ҳамзамон, гӯшаҳои намоишӣ бо пешниҳоди шириниҳои дастпухт, анвои гуногуни хӯрокҳо ва армуғонҳое, ки маҳсули дасти ҳунармандони ҷавон буданд, оро ёфта буданд.
Меҳмонон аз маҳорати баланди иштирокчиён изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр карданд, ки чунин чорабиниҳо дар замири наврасон эҳсоси ифтихор аз фарҳангу суннатҳои миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои хонаводагиро тақвият мебахшад. Зикр гардид, ки «Мактаб модар» ҳамчун як мактаби зиндагӣ, ба духтарон нозукиҳои рӯзгордорӣ, эҳтироми калонсолон ва арҷгузорӣ ба фарҳанги ниёгонро меомӯзонад.
Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ аз ҷониби гулдухтарон пешкаши ҳозирин гардида, ба маҳфил шукуҳу шаҳомати хос зам намуд.
Чорабинии мазкур бори дигар собит сохт, ки занону бонувон ҳамчун неруи созандаи ҷомеа дар ҳифз ва тарғиби анъанаҳои миллӣ нақши муҳим доранд.