eDavlat
State symbols
EN
TJ
RU
EN
State authorities
Loading…
Online chat
Open menu
EN
TJ
RU
EN
Тақдими китоб — иқдоми фарҳангии КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант
Home
More
Executive Body of State Power of the City of Levakant
News
Тақдими китоб — иқдоми фарҳангии КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант
20 February 2026
Тақдими китоб — иқдоми фарҳангии КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант
17-уми феврал, бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (КИ ҲХДТ) дар шаҳри Левакант як иқдоми муҳими фарҳангӣ баргузор гардид. Дар доираи ин ташаббус як қатор вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва роҳбарони ташкилоту…
17-уми феврал, бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (КИ ҲХДТ) дар шаҳри Левакант як иқдоми муҳими фарҳангӣ баргузор гардид. Дар доираи ин ташаббус як қатор вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва роҳбарони ташкилоту корхонаҳо ба китобхонаи марказии шаҳр ташриф оварда, бо дастхати худ ба китобхона китобҳо ҳадя намуданд.
Мақсад аз баргузории ин чорабинӣ таҳкими фарҳанги китобхонӣ, ғанӣ гардонидани фонди китобхона ва ҷалби бештари ҷавонон ба мутолиа дар доираи ташаббус ва иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ мегардад. Иштирокчиён зимни суҳбат бо масъулини китобхона иброз доштанд, ки китоб манбаи асосии маърифат ва омили пешрафти ҷомеа буда, дастгирии чунин муассисаҳои фарҳангӣ вазифаи ҳар як фарди ҷомеа мебошад.
Зикр гардид, ки китобҳои тақдимшуда жанрҳои гуногун — аз адабиёти бадеӣ то китобҳои илмӣ ва таърихиро дар бар гирифта, метавонанд барои хонандагони синну соли гуногун муфид бошанд. Ҳар як китоб бо дастхати шахсии ҳадякунандагон ба китобхона супурда шуд, ки ин амал рамзи эҳтиром ба китоб ва хонанда маҳсуб меёбад.
Масъулини китобхона барои чунин иқдоми нек изҳори сипос намуда, зикр карданд, ки ҳамкории зич миёни мақомоти иҷроия, ташкилотҳо ва муассисаҳои фарҳангӣ метавонад дар баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа нақши муассир гузорад.
Ин гуна иқдомҳо дар шаҳри Левакант минбаъд низ идома ёфта, ба рушди фарҳанги китобдӯстӣ ва тақвияти маънавиёти ҷомеа мусоидат хоҳанд кард.
Centralised website of government and municipal services