Бо фарорасии фасли зебои баҳор, табиати дилфиреби шаҳри Левакант рангу таровати тоза ба бар намуда, сокинонро ба истиқболи фасли шукуфоӣ даъват мекунад. Дар деҳаи Зағертут, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти «Ваҳдат», гулдухтарон бо рӯҳияи болида ва…
Бо фарорасии фасли зебои баҳор, табиати дилфиреби шаҳри Левакант рангу таровати тоза ба бар намуда, сокинонро ба истиқболи фасли шукуфоӣ даъват мекунад. Дар деҳаи Зағертут, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти «Ваҳдат», гулдухтарон бо рӯҳияи болида ва муҳаббати хоса ба табиат баҳори ҳуҷастапайро бо шукуҳу шаҳомати хос истиқбол гирифтанд.
Шукуфтани гулҳои баҳорӣ, аз ҷумла сияҳгуши рангоранг, гули қоқу, бунафшаҳо ва дигар гулҳои саҳроӣ ба мавзеъҳои сайёҳию истироҳатии деҳа ҳусни тоза бахшидааст. Дарахтони мевадиҳанда низ гул карда, манзараҳои нотакрор ва ҷолиберо ба вуҷуд овардаанд, ки диққати ҳар бинандаро ҷалб месозад. Зиндашавии табиат, навдаи сабзи дарахтон ва ҳавои мусаффо шаҳодати омадани фасли эҳё ва созандагист.
Гулдухтарони деҳа бо либосҳои миллии рангоранг дар оғӯши табиати зебо сурудхонӣ намуда, бо шодию нишот аз баҳори нав истиқбол карданд. Ин иқдоми рамзӣ ифодагари эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба зебоиҳои диёр мебошад.
Ҳамасола бо фаро расидани баҳор мавзеъҳои сайёҳии деҳа ободу зебо гардида, меҳмонон ва дӯстдорони табиатро ба худ ҷалб менамояд. Манзараҳои дилангези кӯҳу саҳро, чашмасорон ва боғҳои шукуфон имкони хуберо барои истироҳати сокинону меҳмонон муҳайё месозанд.
Баҳор барои мардуми Левакант на танҳо як фасли сол, балки рамзи эҳёи табиат, оғози корҳои саҳроӣ, айёми кишту кор ва замони умеду орзуҳои нав мебошад. Муждаи баҳор дар деҳаи Зағертут паёми зиндагии тоза, шодмонӣ ва фардои ободу осуда аст.