16-уми феврал, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант маҷлиси назоратии назди раиси шаҳр — Муминзода Мастура Табарӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раис, роҳбарони сохторҳо,…
16-уми феврал, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант маҷлиси назоратии назди раиси шаҳр — Муминзода Мастура Табарӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раис, роҳбарони сохторҳо, масъулони соҳаҳо ва намояндагони ташкилоту муассисаҳо иштирок намуда, масъалаҳои муҳими ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии шаҳр мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни маҷлис рафти гузаронидани ҳашарҳои дастаҷамъонаи корҳои ободонию созандагӣ ва кабудизоркунӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуда, таъкид гардид, ки корҳои ободонӣ бояд бо сифати баланд ва дар муҳлатҳои муайяншуда анҷом дода шаванд. Ҳамзамон, рафти иҷрои қисми даромади буҷети шаҳр ва чораҳои кам намудани бақияпулиҳои андоз мавриди таҳлили ҷиддӣ қарор гирифт.
Дар идома ҷамъбасти нишондиҳандаҳои оморӣ дар моҳи январи соли 2025 натиҷагирӣ гардида, вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Гузаронидани даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявӣ, омодагӣ ба Рӯзи Артиши миллӣ, ҷашни байналмилалии Наврӯз ва моҳи шарифи Рамазон низ аз масъалаҳои меҳварии ҷаласа буданд.
Ҳамчунин, рафти корҳои саҳроӣ дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва омодагии даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид. Ба ситоди кишоварзӣ, ки бо амри раиси шаҳр таъсис ёфтааст, супориш дода шуд, ки то 20 феврал сифати кишти зироатҳоро мавриди санҷиш қарор дода, маълумоти хаттӣ пешниҳод намояд.
Бо мақсади таъмини иҷрои босамари вазифаҳо, аз ҷониби раиси шаҳр ба масъулон як қатор супоришҳо дода шуданд, аз ҷумла: ба роҳ мондани корбарии ҷиддӣ нисбати иҷрои нақшаи андозҳо ва кам намудани бақияпулиҳои андоз;
таъмини пардохти нафақа ва маош дар навбати аввал;
зери назорат қарор додани рафти сохтмони иншооти ҷашнӣ, муайян ва пешниҳоди муҳлати баистифодадиҳии онҳо;
таҳлили ҳамаҷонибаи нишондиҳандаҳои оморӣ ва роҳандозии чораҳо барои ислоҳи камбудиҳо;
пешниҳоди гузориши хаттӣ ба унвонии раиси шаҳр аз рафти корҳои иҷрошуда.
Инчунин, таъмин намудани рамзи 35-солагии Истиқлолият, шиору овезаҳо бахшида ба рӯзҳои ид ва иқтибосҳо аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи ташкилоту муассисаҳо ҳатмӣ дониста шуд.