13-уми феврал, тибқи нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант бо омӯзгорон ва донишҷӯёни Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Левакант вохӯрии судманд баргузор гардид. Вохӯрӣ бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти…
13-уми феврал, тибқи нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант бо омӯзгорон ва донишҷӯёни Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Левакант вохӯрии судманд баргузор гардид.
Вохӯрӣ бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби ҷомеа ба корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ дар байни ҷавонону наврасон, пешгирии ҷинояткорӣ ва омилҳои номатлуб, мубориза бо хурофотпарастӣ ва таълимоти ғайриқонунии динӣ, риояи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ баргузор карда шуд.
Дар вохӯрӣ муовини раиси шаҳри Левакант Баротзода Шарифхон, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Олимзода Низора, мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Иброҳимова Наргис, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими МИҲД-и шаҳр Маҳмад Хидирзода ва дигар фаъолону мутахассисон иштирок намуданд.
Зимни баромадҳо масъулин таъкид намуданд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати роҳнамо барои рушди устувори кишвар аҳамияти махсус дошта, иҷрои дастуру супоришҳои дар он зикршуда вазифаи ҳар як шаҳрванд ба ҳисоб меравад. Иштирокчиён ба масъалаи саҳми ҷавонон дар корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Ҳамчунин қайд гардид, ки тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, пешгирии ҷалбшавӣ ба равияҳои ифротӣ ва гурӯҳҳои тундгаро, риояи тарзи ҳаёти солим ва эҳтиром ба қонун аз омилҳои асосии таъмини суботу амният дар ҷомеа маҳсуб меёбад.
Дар ҷараёни мулоқот оид ба масъалаҳои пешгирии ҷинояткорӣ, хусусан дар байни ҷавонон, мубориза бо хурофотпарастӣ ва таълимоти ғайриқонунии динӣ, инчунин роҳҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд. Зикр гардид, ки донистан ва риояи қонунҳои амалкунанда кафолати амнияти иҷтимоӣ ва рушди ҷомеа мебошад.
Иштирокчиёни вохӯрӣ вобаста ба мавзуъҳои баррасишуда суолу пешниҳодҳои худро баён намуда, аз ҷониби мутахассисон ҷавобҳои мушаххас ва асоснок гирифтанд. Чунин мулоқотҳо ба таҳкими ҳамкории мақомоти давлатӣ бо муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон ва пешгирии зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа мусоидат менамоянд.
Дар фарҷом таъкид гардид, ки танҳо бо иштироки фаъолонаи ҷавонон ва ҳамкории ҷомеа бо мақомоти давлатӣ метавон ба рушди устувор, ободонии кишвар ва таъмини ояндаи дурахшон ноил гардид.