Бо ташаббуси бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3-и шаҳр, воқеъ дар деҳаи Вахши ҷамоати шаҳраки «Сарбанд», чорабинии фарҳангӣ-маърифатӣ таҳти шиори «Мактаби…
Бо ташаббуси бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3-и шаҳр, воқеъ дар деҳаи Вахши ҷамоати шаҳраки «Сарбанд», чорабинии фарҳангӣ-маърифатӣ таҳти шиори «Мактаби модар» баргузор гардид.
Ҳадафи чорабинӣ эҳтиром ва гиромидошти арзишҳои миллӣ, рушди ҳунарҳои миллию мардумӣ ва тақвияти ҳисси худшиносиву ватандӯстӣ миёни насли наврас арзёбӣ шуд. Омӯзгорону хонандагон фориғ аз дарс бо омодагии ҷиддӣ барномаи рангини фарҳангиро пешниҳоди ҳозирин намуданд.
Дар чорабини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Олимзода Низора, мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроия Иброҳимова Наргис, маъмурияти муассиса ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд. Меҳмонон аз маҳорати баланди духтарон дар омода кардани таомҳои миллӣ, намоиши либосҳои миллӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ дидан намуда, ба истеъдоду завқи зебоипарастии онҳо баҳои баланд доданд.
Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки чунин чорабиниҳо дар замири ҷавонон эҳсоси ифтихор аз фарҳанги миллӣ, пос доштани суннатҳои неки аҷдодӣ ва эҳтиром ба мақому манзалати зан-модарро тақвият мебахшад. Иштирокдорон иқдоми мазкурро намунаи хуби ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо сохторҳои давлатӣ дар самти тарбияи маънавии насли наврас арзёбӣ карданд.
Чорабинӣ дар фазои гарму самимӣ баргузор гардида, бори дигар собит сохт, ки «Мактаби модар» ҳамчун рамзи тарбияи ахлоқӣ ва фарҳангӣ метавонад дар рушду камолоти ҷавонон нақши муассир гузорад.