14-уми феврал, тибқи нақшаи кабудизоркунӣ дар шаҳри Левакант чорабинии муҳими сабзгардонӣ— ниҳолшинонӣ бо иштироки раиси шаҳр Муминзода Мастура Табарӣ, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, инчунин роҳбарону кормандони ташкилоту корхонаҳои шаҳрӣ…
14-уми феврал, тибқи нақшаи кабудизоркунӣ дар шаҳри Левакант чорабинии муҳими сабзгардонӣ— ниҳолшинонӣ бо иштироки раиси шаҳр Муминзода Мастура Табарӣ, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, инчунин роҳбарону кормандони ташкилоту корхонаҳои шаҳрӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ дар шоҳроҳи Левакант-Бохтар доир шуда, ҳадафи он беҳтар намудани муҳити зист, зебо гардонидани атроф ва тақвияти фарҳанги кабудизоркунӣ миёни сокинон арзёбӣ гардид.
Дар рафти чорабинӣ миқдори зиёди ниҳолони ҳамешасабзи арча шинонида шуданд. Иштирокдорон бо рӯҳияи баланд ва эҳсоси масъулиятшиносӣ дар шинонидани ниҳолҳо саҳм гузошта, барои ободонӣ ва сарсабзии шаҳр иқдоми шоиста анҷом доданд.
Ҳамзамон, дар ин рӯз тозагии канору атрофи шоҳроҳ аз ҷониби ҳашарчиён таъмин гардида, партовҳо ҷамъоварӣ ва муҳити зист ба тартиб дароварда шуд. Ин иқдом ба беҳтар шудани вазъи экологии минтақа ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сокинон ва меҳмонони шаҳр мусоидат менамояд.
Зикр гардид, ки чунин маъракаҳои сабзгардонӣ минбаъд низ идома ёфта, ҷиҳати ҷалби бештари аҳолӣ ба корҳои ободониву созандагӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешаванд.