14-уми феврал, масъулин ва кормандони ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» бо мақсади ободу зебо гардонидани муҳити зист ба шанбегии дастаҷамъона баромаданд. Ин иқдоми созанда дар доираи тадбирҳои ободонӣ ва беҳдошти муҳити атроф роҳандозӣ гардида, бо иштироки…
14-уми феврал, масъулин ва кормандони ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» бо мақсади ободу зебо гардонидани муҳити зист ба шанбегии дастаҷамъона баромаданд. Ин иқдоми созанда дар доираи тадбирҳои ободонӣ ва беҳдошти муҳити атроф роҳандозӣ гардида, бо иштироки фаъолонаи кормандон амалӣ шуд.
Дар ҷараёни шанбегӣ гирду атрофи бинои ҷамоат пурра тоза карда шуда, партовҳо ҷамъоварӣ ва бароварда шуданд. Ҳамзамон, бехи дарахтони сояафкану ороишӣ нарм карда шуда, барои рушди минбаъдаи онҳо шароити мусоид фароҳам оварда шуд.
Илова бар ин, бо мақсади сабзтар ва зеботар намудани муҳити атроф ба миқдори муайян гулҳои садбарг ва дигар гулҳои мавсимӣ шинонида шуданд. Ин иқдом на танҳо барои беҳтар гардидани намуди зоҳирии ҳудуд, балки барои баланд бардоштани рӯҳияи сокинон ва ташаккули фарҳанги зебоипарастӣ мусоидат мекунад.
Масъулини ҷамоат зикр намуданд, ки чунин чорабиниҳои ободонӣ минбаъд низ ба таври мунтазам баргузор гардида, барои тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти кормандон ва қабули шаҳрвандон мусоидат хоҳад кард.
Шанбегии мазкур бори дигар нишон дод, ки бо ҳамдиливу ҳамкорӣ метавон муҳити зистро обод ва дилпазир гардонд.