14-уми феврал, дар шаҳри Левакант, бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ тибқи нақша-чорабиниҳои Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Левакант мусобиқаи кушоди вилоятӣ оид ба гуштини самбо баргузор гардид. Чорабинии варзишӣ бо мақсади тарғиби тарзи…
14-уми феврал, дар шаҳри Левакант, бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ тибқи нақша-чорабиниҳои Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Левакант мусобиқаи кушоди вилоятӣ оид ба гуштини самбо баргузор гардид.
Чорабинии варзишӣ бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди намуди варзиши самбо ва таҳкими ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ миёни ҷавонон доир карда шуд. Дар мусобиқа варзишгарон аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни вилоят ширкат варзида, маҳорату омодагии ҷисмонии худро дар сатҳи баланд нишон доданд.
Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа масъулини соҳаи варзиш ва намояндагони мақомоти маҳаллӣ иштирок намуда, иштирокчиёнро ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ табрик гуфта, таъкид доштанд, ки варзиш яке аз омилҳои асосии тарбияи ҷавонони ҷасуру ватандӯст ба шумор меравад. Зикр гардид, ки гуштини самбо ҳамчун намуди варзиши ҷасорату матонат дар омодасозии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва ҳифзи Ватан нақши муҳим дорад.
Мусобиқа дар фазои рақобати солим ва рӯҳияи баланди варзишӣ ҷараён гирифта, варзишгарон дар вазнҳои гуногун байни ҳам қувваозмоӣ карданд. Ҳар як рақобат пуршиддату ҷолиб сурат гирифта, мухлисон шоҳиди лаҳзаҳои хотирмон гардиданд.
Дар ҷамъбасти мусобиқа ғолибон аз рӯи ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм муайян гардида, бо Медал, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ шуданд. Ташкилкунандагон изҳор доштанд, ки минбаъд низ баҳри рушди варзиш ва ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба машғулиятҳои варзишӣ чунин мусобиқаҳо мунтазам баргузор карда мешаванд.
Мусобиқаи кушоди вилоятӣ оид ба гуштини самбо дар фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ҷамъбаст гардида, бори дигар аҳамияти варзишро дар тарбияи насли солиму фаъол нишон дод.