12-уми феврал, бо ташаббуси бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант дар деҳаи Хурамдеҳи ҷамоати деҳоти «Гулистон» чорабинии муҳими тарбиявию маърифатӣ тариқи усули «хона ба хона» таҳти шиори «Мактаби модар» баргузор гардид.
Дар ин вохӯри Раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ, муовин ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, масъулини КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант, мудири бахши кор бо занон ва оила, масъулини ҷамоати деҳоти «Гулистон», фаъолон, занону бонувони ҳунарманд ва ҷавонон иштирок намуданд.
Чорабинӣ дар фазои гарму самимӣ баргузор гардида, меҳмонон аз пазироии самимонаи сокинон хеле руҳбаланд гардиданд. Занону бонувони маҳал бо ҳунару маҳорати хоси худ намунаҳои беҳтарини рӯзгордорӣ ва фарҳанги миллиро ба намоиш гузоштанд. Дар ҷараёни чорабинӣ шеърхонӣ, қироати порчаҳо аз «Шоҳнома»-и безаволи ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ва барномаҳои ҳунарӣ пешниҳоди ҳозирин гардиданд, ки рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллиро тақвият мебахшид.
Ҳамзамон меҳмонон аз раванди сабатбофӣ, дузандагию бофандагӣ, омода намудани таомҳои миллӣ, тарзи пешбурди рӯзгор ва фаъолияти чорводории хонавода боздид ба амал оварданд. Ҳунарҳои дастии бонувони деҳа, ки бо завқи баланд ва эҳсоси зебоипарастӣ иҷро шудаанд, мавриди таҳсину қадрдонӣ қарор гирифтанд.
Раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ зимни суҳбат бо сокинон доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаронӣ намуда, ба занону бонувон ва ҷавонон тавсияҳои муфид доданд. Аз ҷумла таъкид гардид, ки дар тарбияи насли наврасу ҷавон бояд масъулияти бештар зоҳир карда, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва китобхонӣ, бахусус шоҳномахонӣ, ба камол расонанд.
Дар баробари ин, масъалаҳои самаранокситифодабарии замин, истифодаи сарфакоронаи қувваи барқ, пешгирии ҷинояткорӣ, омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, хурофотпарастӣ, таълимоти ғайриқонунии диннӣ ва истифода накардани либоси ба фарҳанги миллии мо бегона мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Сокинон ба корҳои ободонию созандагӣ, саҳмгузорӣ дар пешрафти маҳал ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ даъват карда шуданд.
Дар фарҷом барои сатҳи баланди рӯзгордорӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва тарбияи шоистаи фарзандон ба хонаводаҳои деҳаи Хурамдеҳ изҳори сипосу миннатдорӣ баён гардид.
Маврид ба зикр аст, ки чунин ташаббусҳо бо усули «хона ба хона» дар таҳкими пояҳои оиладорӣ, рушди фарҳанги миллӣ ва тақвияти маърифати ҷомеа нақши муҳим доранд.