Бахшида ба Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи нақша-чорабиниҳои корӣ, Маъмурият ва мураббиёни Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Левакант байни наврасон мусобиқаи кушоди тениси рӯи миз баргузор намуданд.
Чорабинӣ бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани маҳорати варзишии наврасон, ҷалби бештари ҷавонон ба варзиш ва дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани онҳо роҳандозӣ гардид. Дар мусобиқа наврасони синну соли гуногун фаъолона ширкат варзида, маҳорату малакаи худро дар фазои рақобати солим нишон доданд.
Мусобиқа дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор шуда, ҳар як иштирокчӣ кӯшиш намуд, то беҳтарин натиҷаро ба даст орад. Рақобатҳо хеле ҷолиб ва пуршиддат ҷараён гирифта, доварон ба рафти бозиҳо баҳои одилона доданд.
Дар ҷамъбасти мусобиқа ғолибон аз рӯи ҷойҳои ифтихорӣ муайян гардида, бо Сипоснома, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд. Ҳамзамон, ба ҳамаи иштирокчиён барои иштироки фаъолона изҳори сипос баён карда шуд.
Масъулини муассиса иброз доштанд, ки баргузории чунин мусобиқаҳо дар тарбияи ҷисмонӣ ва маънавии наврасон нақши муҳим дошта, онҳо минбаъд низ тасмим доранд, ки баҳри рушди варзиш ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон чорабиниҳои гуногунро роҳандозӣ намоянд.