Ба ҳамагон маълум аст, ки бо ибтикори Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ”Илм-фурӯғи маърифат”, ”Тоҷикистон-Ватани азизи ман” баргузор мегарданд. Дар баробари озмунҳои мазкур тибқи дастури Пешвои муаззами миллат бо мақсади эҳтиром ва арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои адабиёти классикии тоҷик, гиромидошти осори ҷовидонаи Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ, таҳкими худшиносӣ ва ифтихори миллӣ, инчунин тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа аз соли 2026 Озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ”баргузор карда мешавад. Ҳамзамон бо ин мақсад,дар асоси супоришҳои Президенти маҳбуби кишвар ба ҳар як хонавода «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ тақдим шуда истодааст. Ин ҳама гувоҳ ба он аст,ки дар ҳақиқат Пешвои муаззами миллат ба масъалаи худогоҳии халқи худ таваҷҷуҳи беандоза зоҳир намуда арзишҳои миллӣ, анъанаҳо ва ҷаҳонбинии мардумро интиқол дода, барои ташаккули худогоҳии фарҳангӣ заминаи устувор фароҳам оварда истодааст. Ҷои инкор нест, ки «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ яке аз бузургтарин осори адабии ҷаҳон ба шумор меравад, ки на танҳо мероси фарҳангии мардуми форсизабон, балки ганҷи гаронбаҳои тамаддуни умумибашарист. Ин асари ҷовидона, ки дар асри X–XI эҷод шудааст, таърихи афсонавӣ, қаҳрамонӣ ва фарҳангии мардумони ориёиро дар худ таҷассум намуда, дар ташаккули ҳувияти миллӣ, ахлоқӣ ва маънавии инсон нақши бузург бозидааст.
Лозим ба ёдоварист,ки «Шоҳнома» ҳамчун ҳофизаи таърих ва ҳувият барои ҳифз ва зинда нигоҳ доштани таърих ва худшиносии миллӣ саҳми арзанда гузоштааст. Дар даврае ки забон ва фарҳанги форсӣ таҳти фишор қарор дошт, Фирдавсӣ бо офаридани «Шоҳнома» тавонист забони форсиро аз нобудӣ наҷот диҳад. Ин асар насл ба насл арзишҳои миллӣ, анъанаҳо ва ҷаҳонбинии мардумро интиқол дода, барои ташаккули худогоҳии фарҳангӣ заминаи устувор фароҳам овард. Дар ҳақикат ин асари безавол арзишҳои ахлоқӣ ва инсонгароёнаро талқин намуда он на танҳо достони подшоҳон ва паҳлавонон аст, балки мактаби бузурги ахлоқ ва инсонгароӣ низ мебошад. Қаҳрамонони он, ба монанди Рустам, Сиёвуш, Исфандиёр ва дигарон, намунаи ҷасорат, адолат, вафо, фидокорӣ ва ростқавлианд. Муборизаи неку бад, ҳаққу ботил, адолат ва золимӣ дар саросари асар пайваста таъкид мегардад, ки ин арзишҳо барои тамоми башарият умумӣ ва ҷовидонӣ мебошанд. Ин аст,ки «Шоҳнома» ба адабиёт ва фарҳанги ҷаҳонӣ таъсири амиқ гузоштааст. Шоирону нависандагони зиёде дар Шарқ ва Ғарб аз ин асар илҳом гирифтаанд.
Мавзӯъҳо, образҳо ва сохтори эпикии «Шоҳнома» дар осори адабии халқҳои гуногун инъикос ёфтааст. Инчунин, «Шоҳнома» ба санъати тасвирӣ, мусиқӣ, театр ва ҳатто фалсафа таъсири назаррас гузоштааст ва месазад бигуем,ки ҳамчун пули иртиботӣ дар байни фарҳангҳо хизмат карда омадааст. Тарҷумаи ин асар ба даҳҳо забон боис шудааст, ки мардумони гуногун бо фарҳанг, таърих ва андешаи шарқӣ ошно шаванд. Ин раванд ба муколамаи тамаддунҳо ва эҳтироми мутақобилаи фарҳангӣ мусоидат намудааст. Аз ин лиҳоз бояд чунин хулоса кард,ки дар маҷмӯъ, «Шоҳнома» танҳо як асари адабӣ нест, балки оинаи тамаддуни инсонӣ, мактаби ахлоқ ва рамзи пояндагии фарҳанг аст. Нақши он дар ташаккули тафаккури инсонӣ, ҳифзи арзишҳои маънавӣ ва таҳкими робитаҳои фарҳангии башарият беназир мебошад. Аз ин рӯ, «Шоҳнома» то имрӯз ҳамчун як асари ҷовидонӣ дар қалби тамаддуни ҷаҳонӣ мақоми баланд дорад. Бо назардошти гӯфтаҳои боло ва ба ин хотир, ҷавонон барои ҳифзи ҳофизаи таърихӣ,ки Шоҳнома ба он мисол шуда метавонад, бояд пеш аз ҳама дар назари ман корҳои зеринро ба анҷом расонанд:
-омӯхтани таърихи мардуми худ ва муқоиса бо таърихи дигар миллатҳо,шиносоӣ ба шахсиятхои таърихӣ ва руйдодҳои муҳим;
-эҳтиром ба ёдгориҳо ва мероси фарҳангӣ;
-интиқоли дониш ба дигарон;
-иштирок дар чорабиниҳои фарҳангӣ;
-ҳифзи забон ва фарҳанг-истифодаи дурусти забони модарӣ, эҳтиром ба урфу одатҳо ва анъанахои мардуми хеш;
-мубориза ба бегонапарастӣ, “таҳриф” (яъне фарқ кардани ҳақиқат аз маълумоти нодуруст) ва дигар ҳолатҳо;
-такя ба манбаъҳои боэътимод.
Агар ҷавонон таърихи гузаштаи худро донанд,эҳтиром кунанд ва дигаронро низ ба ин талқин кунанд, ҳофизаи таърихӣ зинда ва ҷовидон хоҳад монд. Ҷавонони гиромӣ! Ба ёд биёред,ки Пешвои муаззами миллат ҳамеша таъкид менамоянд,ки ояндаи миллат дар дасти шумост.Ҳифзи ҳофизаи таърихӣ вазифаи муҳим ва муқаддаси ҳар як ҷавон мебошад. Донистани гузашта ба мо имкон медиҳад, ки имрӯзро дарк намуда фардоро бо эътимод бисозем. Бо омӯзиши таърих, эҳтиром ба мероси фарҳангӣ, ҳифзи забон ва арзишҳои миллӣ шумо метавонед дар нигаҳдории ҳувияти миллӣ саҳми арзанда гузоред. Биёед якҷоя мероси таърихии миллати худро ҳифз намоем, зеро миллате, ки таърихи худро эҳтиром мекунад, ояндаи равшан дорад.