10-уми феврал, раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ ҳамроҳ бо муовинони раис ва дигар шахсони масъул аз рафти корҳои сохтмонии иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корҳои ободониву созандагӣ дар…
10-уми феврал, раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ ҳамроҳ бо муовинони раис ва дигар шахсони масъул аз рафти корҳои сохтмонии иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корҳои ободониву созандагӣ дар шоҳроҳи Бохтар–Левакант боздид ба амал оварданд.
Зимни боздид ба масъулини соҳа ҷараёни иҷрои корҳои сохтмонӣ, сифати масолеҳи истифодашаванда ва риояи муҳлатҳои муқарраршуда мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифт. Раиси шаҳр таъкид намуд, ки ҳамаи иншоот бояд бо сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи меъёрҳои шаҳрсозӣ бунёд гардида, дар муҳлатҳои пешбинишуда ба истифода дода шаванд.
Ҳамзамон, дар шоҳроҳи Бохтар–Левакант корҳои ободонӣ, аз ҷумла кабудизоркунӣ, сафедкунии дарахтон, насби чароғҳои равшанидиҳанда ва таъмиру тармими қитъаҳои алоҳидаи роҳ идома доранд. Масъулин иттилоъ доданд, ки корҳои мазкур тибқи нақша ҷараён дошта, барои беҳтар намудани симои шаҳр ва фароҳам овардани шароити мусоиди ҳаракати нақлиёт равона гардидаанд.
Муминзода Мастура Табарӣ зимни суҳбат бо сохтмончиён ва масъулони бахшҳои марбута дастур дод, ки ба сифати кор, риояи қоидаҳои бехатарӣ ва суръат бахшидан ба раванди сохтмон диққати ҷиддӣ дода шавад. Қайд гардид, ки ободонии шаҳр ва сари вақт ба анҷом расонидани иншооти ҷашнӣ яке аз вазифаҳои муҳими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба шумор меравад.
Бояд зикр намуд, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Левакант бунёду азнавсозии як қатор иншооти иҷтимоиву хизматрасонӣ ба нақша гирифта шуда, корҳои созандагӣ бо маром идома доранд.