11-уми феврал, дар толори маҷлисгоҳи Маркази дастгирии бонувони шаҳри Левакант бо иштироки намояндагони мақомоти маҳаллӣ, ташкилоти молиявӣ ва занону бонувони фаъоли шаҳр семинари омӯзишии клуби бонувони FINCA оид ба саводнокии молиявӣ ва саводнокии молиявии рақамӣ баргузор гардид.
Дар кори семинар мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант-Наргис Иброҳимова, менеҷери барномаи фарогирии занони Ташкилоти амонатии қарзии хурди FINCA-Гулноза Солиева ва намояндагони қишрҳои гуногуни занону бонувони шаҳр иштирок намуданд.
Наргис Иброҳимова зимни суханронии ифтитоҳии худ таъкид намуд, ки баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии занон яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор рафта, он ба беҳтар гардидани шароити зиндагии оилаҳо, рушди соҳибкории занон ва таъмини мустақилияти иқтисодии онҳо мусоидат мекунад. Ӯ ҳамчунин нақши чунин семинарҳоро дар ташаккули фарҳанги дурусти истифодаи маблағ ва идоракунии захираҳои молиявӣ муҳим арзёбӣ кард.
Менеҷери барномаи фарогирии занони FINCA-Гулноза Солиева дар баромади худ иштирокчиёнро бо мафҳумҳои асосии саводнокии молиявӣ, роҳҳои банақшагирии буҷети оилавӣ, идоракунии даромад ва хароҷот, истифодаи дурусти қарз ва хизматрасониҳои бонкӣ шинос намуд. Ҳамзамон, ба масъалаи саводнокии молиявии рақамӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, роҳҳои истифодаи барномаҳои мобилии бонкӣ, пардохтҳои ғайринақдӣ, амнияти рақамӣ ва пешгирии қаллобӣ дар муҳити интернетӣ баррасӣ шуданд.
Дар ҷараёни семинар бо иштирокчиён машқҳои амалӣ гузаронида шуда, намунаҳои воқеии идоракунии маблағ ва сармоягузории оқилона пешниҳод гардиданд. Занону бонувон тавонистанд саволҳои худро доир ба истифодаи хизматрасониҳои молиявӣ, гирифтани қарз барои рушди соҳибкорӣ ва ҳифзи маълумоти шахсӣ дар фазои рақамӣ матраҳ намоянд.
Иштирокчиён чунин чорабиниҳоро барои баланд бардоштани маърифати иқтисодӣ, таҳкими мавқеи занон дар ҷомеа ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои фаъолияти соҳибкории онҳо муфид арзёбӣ карданд.