11-уми феврал, дар шаҳри Левакант вохӯрии муовини раиси вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло бо фаъолон ва аъзои гурӯҳҳои корӣ оид ба татбиқи усули “Хона ба хона” баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ ҳамчунин Баротзода Шарифхон — муовини раиси шаҳри…
11-уми феврал, дар шаҳри Левакант вохӯрии муовини раиси вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло бо фаъолон ва аъзои гурӯҳҳои корӣ оид ба татбиқи усули “Хона ба хона” баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ ҳамчунин Баротзода Шарифхон — муовини раиси шаҳри Левакант ва дигар масъулини мақомоти иҷроия иштирок намуданд.
Қабл аз оғози вохӯрӣ ҳайати меҳмонон аз Осорхонаи Муассисаи давлатии таълимии ЛКСК Леваканти ДБССТ боздид ба амал оварданд. Зимни шиносоӣ ба гӯшаҳои осорхона, бахусус бахшҳои инъикоскунандаи даврони донишҷӯӣ ва ҷавонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фаъолияти давлатдорӣ ва муносибатҳои дипломатии Сарвари давлат, инчунин дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.
Сипас муовини раиси вилоят ва дигар масъулин аз Маркази омӯзиши Асарҳои Пешвои миллат, синфхонаҳои таълимӣ, меҳмонхона ва ошхонаи таълимии Донишкадаи байналмилалии Леваканти ДБССТ дидан намуда, бо шароити таълиму тарбия ва имкониятҳои фароҳамгардида барои донишҷӯён шинос шуданд. Зимни мулоқот бо донишҷӯён Раҳмонзода Абдулло онҳоро ба омӯзиши амиқи илму дониш, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва баланд бардоштани ҷаҳонбинӣ ҳидоят намуд.
Вохӯрии асосӣ дар толори фарҳангии донишкада баргузор гардида, дар он масъалаҳои ҷоннок намудани фаъолияти минбаъдаи гурӯҳҳои корӣ ҳангоми гузаронидани корҳои ташвиқотӣ бо усули “Хона ба хона” мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таъкид шуд, ки ин усул ҳамчун механизми муассири иртибот бо аҳолӣ имкон медиҳад, ки масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ бевосита ба ҳар як оила расонида шуда, сатҳи огоҳӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ боло бурда шавад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ба масъалаҳои бедор намудани ҳисси худшиносӣ ва ватандӯстӣ миёни ҷавонон ва сокинони кишвар, пешгирии ҷинояткорӣ, хурофотпарастӣ, бегонапарастӣ ва таълимоти ғайриқонунии динӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Ҳамзамон, масъулин зарурати мубориза бо омилҳои номатлуб ва тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни қишрҳои гуногуни ҷомеаро муҳим арзёбӣ карданд.
Ҷалби васеи аҳолӣ ба корҳои ободонию созандагӣ, ташкили шанбегиҳо ва тадбирҳои тозагиву кабудизоркунӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз мавзуъҳои меҳварии вохӯрӣ буд. Таъкид гардид, ки таҷлили бошукӯҳи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Истиқлолияти давлатӣ бояд дар сатҳи баланд баргузор гардида, ҳисси ифтихори миллӣ ва ҳамбастагии ҷомеаро таҳким бахшад.