11-уми феврал, мутахассисони Маркази пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО-и шаҳри Левакант дар якҷоягӣ бо мутахассисони Маркази вилоятии пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО дар вилояти Хатлон дар ҶСК «Азот» чорабинии иттилоотию ташхисӣ баргузор намуданд. Зимни ин…
11-уми феврал, мутахассисони Маркази пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО-и шаҳри Левакант дар якҷоягӣ бо мутахассисони Маркази вилоятии пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО дар вилояти Хатлон дар ҶСК «Азот» чорабинии иттилоотию ташхисӣ баргузор намуданд.
Зимни ин иқдом беш аз 100 нафар кормандони корхона аз ташхиси ройгони ВНМО гузаронида шуданд. Ташхис бо риояи пурраи меъёрҳои махфият ва бехатарӣ сурат гирифта, ба иштирокчиён машваратҳои пеш аз ташхис ва баъд аз он пешниҳод карда шуд.
Ҳамзамон, мутахассисон бо кормандони корхона вохӯрӣ доир намуда, оид ба роҳҳои сироятёбӣ, усулҳои пешгирӣ, аҳамияти ташхиси саривақтӣ ва муносибати дуруст нисбат ба шахсони бо ВНМО зиндагикунанда корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом доданд. Таъкид гардид, ки пешгирӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ омили муҳими коҳиш додани хатари паҳншавии сироят мебошад.
Намояндагони марказҳо изҳор доштанд, ки баргузории чунин чорабиниҳо дар корхонаю муассисаҳо барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон ва ташаккули тарзи ҳаёти солим мусоидат мекунад. Ба кормандон маводи иттилоотӣ низ тақсим карда шуд.
Иқдоми мазкур дар доираи нақша чорабиниҳои соҳавӣ ҷиҳати пешгирии паҳншавии ВНМО амалӣ гардида, минбаъд низ чунин ташаббусҳо дар дигар ташкилоту муассисаҳо идома хоҳанд ёфт.