10-уми феврал, дар шаҳри Левакант вохӯрии судманд бо иштироки масъулини Комиссариати ҳарбии шаҳр, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим (ТТҲС) ва шуъбаи муассисаи давлатии «Мададгори мудофиа»-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.…
10-уми феврал, дар шаҳри Левакант вохӯрии судманд бо иштироки масъулини Комиссариати ҳарбии шаҳр, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим (ТТҲС) ва шуъбаи муассисаи давлатии «Мададгори мудофиа»-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Чорабинӣ бо донишҷӯёни шуъбаи муассисаи давлатии «Мададгори мудофиа»-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант доир шуда, зимни он масъалаҳои муҳими рӯз баррасӣ гардиданд.
Нахуст, масъулин вобаста ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, аҳамияти он барои рушди соҳаҳои гуногуни кишвар, таҳкими сулҳу субот ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавононро таъкид карданд.
Ҳамчунин, дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои пешгирии терроризм ва экстремизм мавриди баррасӣ қарор гирифта, зикр шуд, ки ҷавонон бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро ҳамроҳ нашаванд. Таъкид гардид, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва ҳисси масъулиятшиносӣ омили муҳими муқовимат бо зуҳуроти номатлуб мебошад.
Қисмати дигари чорабинӣ ба тарғиби тарзи ҳаёти солим ва омӯзиши расонидани ёрии аввалия ҳангоми ба садама дучор шудан бахшида шуд. Мутахассисон ба донишҷӯён тарзи дурусти расонидани кӯмаки аввалиндараҷаро дар ҳолатҳои фавқулода шарҳ дода, оид ба ҳифзи саломатӣ ва пешгирии бемориҳо тавсияҳои муфид пешниҳод намуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ мутахассисони Маркази ТТҲС ба донишҷӯён маводи иттилоотӣ оид ба пешгирии ВНМО, гепатитҳои вирусӣ, зарари тамоку ва дигар одатҳои бад тақсим карданд.
Зикр гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳои маърифатӣ барои баланд бардоштани сатҳи дониш, худшиносӣ ва омодагии ҷавонон ба ҳаёти мустақилона мусоидат намуда, дар таҳкими ҷомеаи солим нақши муҳим мегузорад.