11-уми феврал, мутахассисони Муассисаҳои КАТС ва Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими (ТТҲС)-и шаҳри Левакант бо мақсади баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ тариқи гашти хона ба хона бо сокинони…
11-уми феврал, мутахассисони Муассисаҳои КАТС ва Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими (ТТҲС)-и шаҳри Левакант бо мақсади баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ тариқи гашти хона ба хона бо сокинони кӯчаи Борбад 20 корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуданд.
Зимни вохӯриҳо ба сокинон оид ба бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла сурча ва гулафшон, роҳҳои сироятёбӣ, аломатҳои аввалин ва аҳамияти саривақт муроҷиат намудан ба муассисаҳои тиббӣ маълумоти муфассал дода шуд. Ҳамзамон, вобаста ба зарурати гузаронидани иммунизатсия ва нақши он дар ҳифзи саломатии кӯдакон ва калонсолон тавсияҳои мушаххас пешниҳод гардиданд.
Мутахассисон инчунин дар бораи гепатитҳои вирусӣ, роҳҳои пешгирӣ, риояи қоидаҳои беҳдошти шахсӣ ва истифодаи ашёи инфиродӣ тавзеҳот доданд. Масъалаҳои марбут ба бемории ҷоғар ва роҳҳои пешгирии он тавассути истифодаи намаки йоднок, ҳамчунин пешгирии камхунӣ бо риояи ғизои солим ва истеъмоли маҳсулоти дорои оҳан мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар рафти суҳбатҳо ба сокинон оид ба зарари истифодаи аз меъёр зиёди телефони мобилӣ, махсусан барои кӯдакону наврасон, таъсири он ба саломатӣ ва зарурати риояи меъёрҳои истифода тавсияҳо дода шуданд. Ҳамзамон, оид ба бемории диабети қанд, омилҳои хавф, нишонаҳои аввалин ва аҳамияти тарзи ҳаёти солим маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Дар анҷоми вохӯриҳо ба сокинон иттиловарақаҳои тавсиявӣ тақсим карда шуда, ба саволҳои онҳо посухҳои мушаххас дода шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки чунин иқдомҳо ба баланд гардидани сатҳи огоҳии аҳолӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва пешгирии бемориҳо мусоидат менамоянд.