10-уми феврал, гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоии аҳолӣ тибқи усули «мактаб ба мактаб» дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и деҳаи Гулистони ҷамоати…
10-уми феврал, гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоии аҳолӣ тибқи усули «мактаб ба мактаб» дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти «Гулистон» вохӯрии фаҳмондадиҳӣ баргузор намуд.
Гурӯҳи корӣ аз намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант, шӯъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Левакант, бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Маркази ТТҲС ва Муассисаи давлатии Маркази назорати санитарию эпидемиологӣ иборат буд. Дар вохӯрӣ сокинони маҳаллӣ, омӯзгорон ва хонандагони муассиса иштирок намуданд.
Зимни чорабинӣ аз ҷониби аъзои гурӯҳи корӣ шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, аҳамияти он дар рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, таълиму тарбия ва таҳкими сулҳу суботи ҷомеа ба иштирокчиён фаҳмонда шуд.
Ҳамзамон, дар ҷараёни вохӯрӣ ба масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуб, бегонапарастӣ, роҳ надодан ба таълимоти ғайриқонунии динӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, дурӣ ҷустан аз одатҳои бад, аз қабили нашъамандӣ ва дигар рафторҳои номатлуб таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Ба ҷавонон ва хонандагон ҷиҳати дуруст интихоб намудани роҳи зиндагӣ, эҳтироми қонун ва риояи меъёрҳои ахлоқӣ тавсияҳои мушаххас дода шуданд.
Илова бар ин, масъалаи ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳмгузории фаъолонаи ҷомеа дар корҳои ободонию созандагӣ ва таҳкими ҳисси ватандӯстӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Намояндагони Маркази назорати санитарию эпидемиологӣ ва Маркази ТТҲС вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, риояи тозагии шахсӣ ва тарзи ҳаёти солим баромад намуда, аҳамияти ҳифзи саломатиро ба ҳозирин фаҳмонданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба иштирокчиён варақаҳои иттилоотӣ тақсим гардида, саволу пешниҳодҳои сокинон, омӯзгорон ва хонандагон шунида шуданд. Иштирокчиён чунин мулоқотҳоро муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки баргузории вохӯриҳои фаҳмондадиҳӣ дар муассисаҳои таълимӣ ба баланд гардидани маърифати ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва беҳдоштии ҷомеа мусоидат менамояд.