10-уми феврал, тибқи нақша-чорабиниҳои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, дар деҳаи Хурамдеҳи ҷамоати деҳоти «Гулистон»-и шаҳри Левакант вохӯрии судманд бо сокинони маҳаллӣ баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ масъулини Шӯрои ҷамъиятии…
10-уми феврал, тибқи нақша-чорабиниҳои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, дар деҳаи Хурамдеҳи ҷамоати деҳоти «Гулистон»-и шаҳри Левакант вохӯрии судманд бо сокинони маҳаллӣ баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ масъулини Шӯрои ҷамъиятии РВКД дар вилояти Хатлон, Шӯрои ҷамъиятии ШВКД-и шаҳри Левакант ва кормандони мақомоти корҳои дохилӣ иштирок намуданд.
Дар чорабинӣ намояндаи РВКД дар вилояти Хатлон, подполковники милитсия Ҳайдарзода Рустам, ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятӣ дар назди РВКД вилояти Хатлон Баротов Шаҳриёр, раиси Шӯрои ҷамъиятӣ дар назди ШВКД-и шаҳри Левакант Ашуров Орзу, инчунин нозири калони минтақавӣ дар ҷамоати деҳоти «Гулистон» майори милитсия Давлатзода Шамсиддин ҳузур доштанд.
Зимни вохӯрӣ баромадкунандагон вобаста ба масъалаҳои муҳими рӯз, аз ҷумла пешгирии ҳама гуна ҷинояткорӣ, омилҳои номатлуб дар ҷомеа, хатари бегонапарастӣ ва хурофотпарастӣ, роҳ надодан ба таълимоти ғайриқонунии динӣ, саркашӣ накардан аз хизмати ҳатмии ҳарбӣ, пешгирии пошхӯрии оилаҳо ва мубориза бар зидди нашъамандӣ ибрози андеша намуданд.
Иштирокчиён таъкид карданд, ки таъмини амнияту субот танҳо бо ҳамкории зичи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва аҳолӣ имконпазир буда, саҳми ҳар як шаҳрванд дар нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ хеле муҳим аст. Ҳамзамон, ба ҷавонон ҷиҳати дуруст интихоб намудани роҳи зиндагӣ, эҳтироми қонун ва дурӣ ҷустан аз ҳар гуна гурӯҳҳо ва андешаҳои ифротӣ тавсияҳои мушаххас дода шуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ фикру андеша ва саволҳои сокинон шунида шуда, аз ҷониби масъулин ба онҳо ҷавобҳои муфассал пешниҳод гардиданд. Сокинон чунин мулоқотҳоро саривақтӣ ва зарурӣ арзёбӣ намуда, барои таваҷҷуҳ ва ғамхории мақомоти корҳои дохилӣ изҳори сипос карданд.
Гуфта шуд, ки баргузории чунин вохӯриҳо дар дигар маҳаллаҳо низ идома ёфта, ба таҳкими эътимоди шаҳрвандон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа мусоидат хоҳад кард.