8-уми феврал, дар шаҳри Душанбе мусобиқаи кушод аз намуди кикбоксинг баргузор гардид, ки дар он варзишгарони ҷавон ва касбӣ аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар иштирок намуданд. Ин чорабинии варзишӣ бо ҳадафи рушди кикбоксинг, баланд бардоштани сатҳи маҳорати варзишгарон ва тарғиби тарзи ҳаёти солим роҳандозӣ шуд.
Дар ин мусобиқа дастпарварони Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Левакант бо омодагии ҷиддӣ ва рӯҳияи баланди рақобатӣ иштирок намуда, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд. Варзишгарони мактаб дар муҳорибаҳои шадид маҳорати баланди техникӣ, устувории ҷисмонӣ ва иродаи қавии худро нишон дода, сазовори 10 медали тилло ва 4 медали нуқра гардиданд.
Мураббиён ва масъулини мактаби варзишии шаҳри Левакант ин дастовардро натиҷаи машқҳои мунтазам, дастгирии пайвастаи соҳаи варзиш ва талошҳои шабонарӯзии варзишгарон арзёбӣ намуданд. Ба гуфтаи онҳо, чунин мусобиқаҳо барои сайқал додани маҳорати варзишгарон ва омодагӣ ба рақобатҳои сатҳи баландтар заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Қобили зикр аст, ки дастоварди навбатии варзишгарони Левакант бори дигар нишон медиҳанд, ки дар шаҳр ба рушди варзиш, бахусус намудҳои размӣ, таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Ин пирӯзиҳо на танҳо боиси ифтихори мураббиён ва волидайн, балки илҳомбахши дигар наврасону ҷавонон барои ҷалб шудан ба варзиш мебошанд.