Дар партави ташаббус ва дастуру ҳидоятҳои маърифатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати тақдими китоби «Шоҳнома»-и ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ва ба роҳ мондани Озмуни…
Дар партави ташаббус ва дастуру ҳидоятҳои маърифатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати тақдими китоби «Шоҳнома»-и ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ва ба роҳ мондани Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ», инчунин бо мақсади таблиғу тарғиби фарҳанги китобхонӣ, дар Литсейи давлатии №1-и шаҳри Левакант чорабинии адабӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ дар доираи идомаи мантиқии ташаббуси раиси вилояти Хатлон «Соли фарҳанги китобхонӣ» тибқи нақша-чорабиниҳои бахши маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ташкил гардида, ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии хонандагон, арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои адабиёти классикӣ ва таҳкими завқи китобдӯстӣ миёни наврасону ҷавонон ба ҳисоб мерафт.
Дар ҷараёни чорабинӣ хонандагони Литсей гуфторҳо аз «Шоҳнома»-ро бо маҳорати баланд қироат намуда, вобаста ба шаҳомат, мазмуну моҳият ва аҳамияти таърихию тарбиявии ин асари безаволи ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ маърӯзаҳо ироа карданд. Ҳамзамон, саҳначаҳои тарбиявию адабӣ аз қисматҳои гуногуни «Шоҳнома» ба намоиш гузошта шуданд, ки аз ҷониби иштирокчиён бо таваҷҷуҳи хоса пазируфта гардиданд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ, суруду рақсҳои ҷазоб пешкаши иштирокдорон гардонида шуд, ки ҳамагӣ ҳисиёти баланди ватандӯстонаро таҷассум мекард.
Дар ин чорабинии пурмазмуни маърифатӣ намояндагони бахши маорифи шаҳр иштирок намуда, барои ташкили чунин як чорабинии сатҳи баланд ба маъмурияти Литсей, омӯзгорон ва хонандагон изҳори сипос намуданд. Зикр гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо дар муассисаҳои таълимии шаҳр ба таври мунтазам ба роҳ монда шуда, ҷараёни татбиқи сиёсати фарҳангиву маърифатии давлат дар соҳаи маорифро боз ҳам тақвият мебахшад.
Дар анҷом таъкид шуд, ки омӯзишу таблиғи осори бузургони адабиёти классикӣ, бахусус «Шоҳнома», дар ташаккули ҳисси худшиносӣ, ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ нақши муассир дошта, минбаъд низ чунин иқдомҳои фарҳангӣ густариш дода хоҳанд шуд.