Раиси ҷамоати деҳоти «Ваҳдат»-и шаҳри Левакант, Эшова Боғигул аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар синфхонаҳои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 10 дидан ба амал овард. Ин иншоот яке аз объектҳои муҳими ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии…
Раиси ҷамоати деҳоти «Ваҳдат»-и шаҳри Левакант, Эшова Боғигул аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар синфхонаҳои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 10 дидан ба амал овард. Ин иншоот яке аз объектҳои муҳими ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Зимни боздид раиси ҷамоат бо масъулони сохтмон, намояндагони соҳа ва сокинони деҳаи Зағертут суҳбат анҷом дода, ба рафти корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуд. Таъкид гардид, ки сифати сохтмон, риояи меъёрҳои меъморӣ ва бехатарӣ бояд дар мадди аввал қарор дошта бошад.
Эшова Боғигул бо сокинони маҳаллӣ фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ҷиҳати ҳарчи зудтар ба анҷом расонидани сохтмони синфхонаҳои иловагӣ, сафарбар намудани қувваи корӣ ва ҳамзамон ободу зебо гардонидани гирду атрофи муассиса тавсияҳои мушаххас дод. Зикр шуд, ки ҳамкории фаъолонаи аҳолӣ бо масъулон метавонад ба сари вақт ва бо сифати баланд ба истифода додани иншоот мусоидат намояд.
Маврид ба зикр аст, ки тибқи нақшаи тасдиқшуда, сохтмони синфхонаҳои иловагӣ бояд то моҳи июл пурра ба анҷом расида, мавриди истифода қарор гирад. Ба истифода додани ин иншоот барои беҳтар намудани шароити таълим, коҳиш додани зичии хонандагон дар синфхонаҳо ва фароҳам овардани имкониятҳои мусоид барои омӯзгорон ва хонандагон мусоидат хоҳад кард.
Ин тадбирҳо дар доираи корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ амалӣ гардида, нишон аз таваҷҷуҳи давлат ва мақомоти маҳаллӣ ба соҳаи маориф ва рушди инфрасохтори иҷтимоӣ мебошад.