eDavlat
State symbols
EN
TJ
RU
EN
State authorities
Loading…
Online chat
Open menu
EN
TJ
RU
EN
ЛЕВАКАНТ: ГУЗАРОНИДАНИ МАШҚИ ПАГОҲРӮЗӢ ВА ТРЕНКУР ДАР ШАҲР
Home
More
Executive Body of State Power of the City of Levakant
News
ЛЕВАКАНТ: ГУЗАРОНИДАНИ МАШҚИ ПАГОҲРӮЗӢ ВА ТРЕНКУР ДАР ШАҲР
Centralised website of government and municipal services
7 February 2026
ЛЕВАКАНТ: ГУЗАРОНИДАНИ МАШҚИ ПАГОҲРӮЗӢ ВА ТРЕНКУР ДАР ШАҲР
Имрӯз, шанбеи 7-уми феврал, бо ташаббуси маъмурият, мураббиён ва варзишгарони Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Левакант дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳр машқи пагоҳрӯзӣ ва тренкур гузаронида шуд. Чорабинии мазкур бо мақсади тарғиби тарзи…
Имрӯз, шанбеи 7-уми феврал, бо ташаббуси маъмурият, мураббиён ва варзишгарони Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Левакант дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳр машқи пагоҳрӯзӣ ва тренкур гузаронида шуд.
Чорабинии мазкур бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷисмонӣ, таҳкими рӯҳияи варзишӣ ва ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба варзиш ташкил карда шуд. Дар он роҳбарияти муассиса, мураббиёни соҳа, варзишгарон ва дӯстдорони варзиш фаъолона иштирок намуданд.
Иштирокчиён рӯзи худро бо машқҳои пагоҳрӯзии умумӣ оғоз намуда, сипас дар масири муайяншуда тренкур анҷом доданд. Машқҳо таҳти роҳбарии мураббиёни соҳибтаҷриба баргузор шуда, ба риояи қоидаҳои бехатарӣ ва меъёрҳои тандурустӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳои варзишӣ ба беҳтар гардидани саломатии ҷомеа, рушди қобилиятҳои ҷисмонӣ ва ташаккули одатҳои солим дар байни ҷавонон мусоидат менамояд. Ҳамзамон, ин гуна иқдомҳо барои омодасозии варзишгарон ба мусобиқаҳои сатҳи шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ аҳамияти калон доранд.
Дар анҷоми чорабинӣ иштирокчиён изҳор доштанд, ки минбаъд низ чунин машқҳои оммавӣ ба таври мунтазам баргузор хоҳанд шуд, то ки варзиш ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи зиндагии ҳаррӯзаи сокинон рушд ёбад.