eDavlat
State symbols
EN
TJ
RU
EN
State authorities
Loading…
Online chat
Open menu
EN
TJ
RU
EN
Левакант: Таваҷҷуҳ ба саломатии кӯдак – омили асосии тарбияи солим дар оила
Home
More
Executive Body of State Power of the City of Levakant
News
Левакант: Таваҷҷуҳ ба саломатии кӯдак – омили асосии тарбияи солим дар оила
6 February 2026
Левакант: Таваҷҷуҳ ба саломатии кӯдак – омили асосии тарбияи солим дар оила
5-уми феврал, тибқи нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант бо ташаббуси бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроия, Муассисаи давлатии назорати санитарию эпидемологӣ ва Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими шаҳри…
5-уми феврал, тибқи нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант бо ташаббуси бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроия, Муассисаи давлатии назорати санитарию эпидемологӣ ва Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими шаҳри Левакант дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 бо иштироки волидайни хонандагон вохӯрии судманд баргузор гардид.
Ҳадафи асосии чорабинӣ ҷалби таваҷҷуҳи ҷиддии волидайн ба масъалаҳои муҳими саломатии фарзандон, риояи қоидаҳои тозагӣ ва беҳдошт, фароҳам овардани шароити мусоиди хониш дар хона ва таҳкими муносибатҳои солими оилавӣ арзёбӣ гардид.
Зимни вохӯрӣ мутахассисони соҳа доир ба аҳамияти ғизои солим, пешгирии бемориҳои сироятӣ, риояи гигиенаи шахсӣ ва нақши муҳити солими оилавӣ дар рушди ҷисмонӣ ва равонии кӯдакон маълумоти муфассал пешниҳод намуданд. Таъкид шуд, ки саломатии кӯдак на танҳо масъулияти муассисаи таълимӣ, балки пеш аз ҳама вазифаи волидайн мебошад.
Инчунин ба иштирокчиён маводҳои иттилоотӣ ва тавсиявӣ вобаста ба ғизои дуруст, тарзи ҳаёти солим ва пешгирии омилҳои хавфнок тақсим карда шуд, ки метавонанд дар баланд бардоштани сатҳи маърифати тиббӣ ва беҳдоштии оилаҳо мусоидат намоянд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ волидайн бо мутахассисон саволу ҷавоб анҷом дода, баргузории чунин чорабиниҳоро барои солимии ҷомеа ва тарбияи дурусти фарзандон муҳим арзёбӣ намуданд.
Centralised website of government and municipal services