ҶОМӢ, 25 июл. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо 12 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Фурқати ҷамоати деҳоти Дӯстӣ мулоқот намуданд. Ёдовар мешавем, ки 2 майи соли 2026 дар натиҷаи…
ҶОМӢ, 25 июл. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо 12 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Фурқати ҷамоати деҳоти Дӯстӣ мулоқот намуданд.
Ёдовар мешавем, ки 2 майи соли 2026 дар натиҷаи боришоти шадиди борон, омадани сел ва баланд гардидани сатҳи обҳои зеризаминӣ дар деҳаи Фурқат эрозияи замин ба амал омада, 12 манзили истиқоматии шаҳрвандон зери хатари ҷиддӣ қарор гирифт. Бо мақсади таъмини амнияти сокинон ва пешгирии паёмадҳои эҳтимолӣ тадбирҳои фаврӣ андешида шуданд.
Бо қарори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба ҳар як оилаи зарардида дар деҳаи Навбаҳори ҷамоати деҳоти Дӯстӣ қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба масоҳати 6 сотихӣ аз мавзеи бехавф ҷудо карда шуд. Дар айни замон дар ин мавзеъ сохтмони манзилҳои нави истиқоматӣ идома дошта, барои ҳарчи зудтар бо хонаҳои нав таъмин намудани оилаҳо корҳои сохтмонӣ вусъат гирифтаанд.
Зимни мулоқот раиси вилояти Хатлон ба ҳар як оилаи зарардида 10 ҳазор сомонӣ кумаки молиявӣ ва инчунин маводи ниёзи аввалияву хӯрока тақдим намуданд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид зимни суҳбат бо сокинон таъкид карданд, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша дар паҳлуи мардум қарор дошта, дар рӯзҳои душвору вазнин барои бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ ва дастгирии шаҳрвандони зарардида тамоми имкониятҳоро сафарбар менамояд.
Сокинони зарардида барои дастгирии пайвастаи роҳбарияти давлат ва мақомоти маҳаллӣ изҳори сипос намуда, изҳор доштанд, ки бо чунин ғамхорӣ ва дастгирӣ дар муҳлати кӯтоҳ соҳиби манзилҳои нави истиқоматӣ хоҳанд шуд.