Бо мақсади таҷлили сазовори ҷашни муқаддаси 35-Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия шоми фарҳангиву идона бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид. Дар чорабинии тантанавӣ роҳбарону кормандони ташкилоту муассисаҳо, фаъолони ҷомеа,…
Бо мақсади таҷлили сазовори ҷашни муқаддаси 35-Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия шоми фарҳангиву идона бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид. Дар чорабинии тантанавӣ роҳбарону кормандони ташкилоту муассисаҳо, фаъолони ҷомеа, намояндагони касбу кори гуногун, ҷавонон ва сокинони ноҳия иштироки фаъолона намуданд.
Дар оғози ҳамоиш раиси ноҳия бо сухани табрикотӣ баромад намуда, ҳозиринро ба муносибати ҷашни бузурги миллӣ – Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод гуфт. Зикр гардид, ки Истиқлол барои мардуми тоҷик неъмати бебаҳо буда, маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат кишвар ба дастовардҳои назаррас дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ноил гардидааст.
Раиси ноҳия таъкид намуд, ки сокинони ноҳия бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва меҳнати содиқона дар татбиқи сиёсати созандаву бунёдкоронаи давлат саҳми арзандаи худро мегузоранд ва барои боз ҳам ободу пешрафта гардидани диёр талош менамоянд.
Баъди қисми расмӣ барномаи рангини фарҳангӣ манзури иштирокчиён гардонида шуд. Ҳунармандони маҳаллӣ бо суруду таронаҳои ватандӯстона, рақсҳои дилнишин ва саҳнаҳои ҷолиб хотири ҳозиринро болида гардонида, фазои идонаро боз ҳам гарму пурнишот намуданд.
Шоми идона дар фазои ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, ифтихори миллӣ ва муҳаббат ба Ватан баргузор гардида, дар қалби иштирокчиён ҳисси баланди ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои истиқлолро боз ҳам таҳким бахшид.