Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим, эҳё ва рушди анъанаҳои миллии варзишӣ, инчунин баланд бардоштани маҳорати варзишии наврасон, дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мусобиқаи кушоди…
Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим, эҳё ва рушди анъанаҳои миллии варзишӣ, инчунин баланд бардоштани маҳорати варзишии наврасон, дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мусобиқаи кушоди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз намуди гуштини миллӣ – «Гуштингирӣ» байни наврасони ноҳия ва варзишгарони ноҳияҳои дигар дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, собиқадорони варзиш, мураббиён, доварон ва дӯстдорони варзиш иштирок намуда, баргузории чунин чорабиниҳоро барои тарбияи ҷисмонӣ ва маънавии наврасон муҳим арзёбӣ карданд. Таъкид гардид, ки таваҷҷуҳи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи варзиш ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷавонон имконият фароҳам овардааст, ки мусобиқаҳои сатҳи гуногун мунтазам баргузор гарданд.
Дар мусобиқа дастаҳо ва варзишгарони наврас аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ширкат варзида, байни ҳам дар вазнҳои гуногун қувваозмоӣ намуданд. Рақобатҳо хеле ҷолиб, диданӣ ва пуршиддат сурат гирифта, ҳар як варзишгар барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ маҳорати баланд, иродаи қавӣ ва омодагии хуби ҷисмонии худро нишон дод.
Ҳайати доварон бо риояи талаботи қоидаҳои гуштини миллӣ рақобатҳоро одилона баҳогузорӣ намуда, ғолибонро муайян карданд. Дар ҷамъбасти мусобиқа варзишгароне, ки ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро соҳиб шуданд, бо медал, диплом, ҷом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Иштирокчиён ва меҳмонон баргузории чунин мусобиқаҳоро дар таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, кашфи истеъдодҳои ҷавон ва омода намудани варзишгарони соҳибмаҳорат барои мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
Мусобиқа дар фазои дӯстӣ, ҳамдигарэҳтиромӣ ва рӯҳияи баланди варзишӣ ҷамъбаст гардида, бори дигар собит сохт, ки гуштини миллӣ яке аз арзишҳои муҳими фарҳанги варзишии тоҷикон буда, барои тарбияи насли солим ва ватандӯст нақши муассир дорад.