ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ВА РУШДИ КИШОВАРЗӢ ДАР МЕҲВАРИ МАҶЛИСИ НАЗОРАТӢ Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ таҳти раёсати раиси ноҳия Амирзода Маҳмуд Ҳамид маҷлиси назоратии назди раиси ноҳия баргузор гардид. Дар оғози…
ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ВА РУШДИ КИШОВАРЗӢ ДАР МЕҲВАРИ МАҶЛИСИ НАЗОРАТӢ
Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ таҳти раёсати раиси ноҳия Амирзода Маҳмуд Ҳамид маҷлиси назоратии назди раиси ноҳия баргузор гардид.
Дар оғози маҷлис роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Умед Кузибоев ба ҳайати иштирокдорон муаррифӣ карда шуд.
Рафти омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъати корҳои сохтмонӣ дар иншооте, ки ба ифтихори ин ҷашни бузурги миллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд, дар сатҳи баланди ташкилӣ ва фарҳангӣ баргузор намудани Рӯзҳои фарҳанги ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар шаҳри Душанбе, омодагӣ ба даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, вазъи корҳои саҳроӣ ва ҷамъоварии ҳосил дар соҳаи кишоварзӣ, иҷрои нақшаи андоз, инчунин рафти омодагиҳо ба соли нави таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳиме буданд, ки дар маҷлис мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.
Зимни баррасии масъалаҳо раиси ноҳия Амирзода Маҳмуд Ҳамид таъкид намуд, ки иҷрои саривақтӣ ва босифати нақшаҳои пешбинишуда, анҷоми корҳои ободониву созандагӣ, таъмини фаъолияти мунтазами соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз вазифаҳои афзалиятноки мақомоти маҳаллӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон, ба масъулини соҳаҳои кишоварзӣ дастур дода шуд, ки ҷиҳати истифодаи самараноки замин, ҷамъоварии беталафи ҳосил, омодагӣ ба кишти такрорӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд. Ба сохторҳои марбутаи молияву андоз супориш дода шуд, ки иҷрои нақшаи андозро пурра таъмин намоянд.
Ҳамчунин, вобаста ба омодагӣ ба даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ва омодасозии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави таҳсил ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуда, таъкид гардид, ки ҳамаи корҳои омодагӣ бояд дар муҳлатҳои муқарраргардида ва бо сифати баланд анҷом дода шаванд.
Дар анҷоми маҷлис раиси ноҳия аз роҳбарони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳо ва дигар масъулин даъват ба амал овард, ки бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ барои иҷрои босифати вазифаҳои гузошташуда, рушди минбаъдаи ноҳия ва истиқболи арзандаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузоранд.