Ҳамдиёрони азиз! Бо эҳтироми самимӣ ҳамаи сокинони сарбаланди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик ва таҳният мегӯям. Ваҳдати миллӣ яке аз муҳимтарин дастовардҳои таърихии…
Бо эҳтироми самимӣ ҳамаи сокинони сарбаланди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик ва таҳният мегӯям.
Ваҳдати миллӣ яке аз муҳимтарин дастовардҳои таърихии даврони соҳибистиқлолии кишвари мост. Маҳз бо шарофати сулҳу оромӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ имрӯз Тоҷикистони азизи мо дар роҳи рушду пешрафт қадамҳои устувор мегузорад. Ҳифзи ин неъмати бузург вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад.
Имрӯз мо бо ҳисси баланди масъулият барои ободии Ватан, рушди иқтисодиёт, беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ саҳм мегузорем. Итминон дорам, ки сокинони меҳнатқарини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ минбаъд низ бо меҳнати софдилона ва ваҳдати комил дар пешрафти ноҳия ва Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда хоҳанд гузошт.
Дар ин рӯзи муборак ба ҳар як хонадони кишвар сулҳу оромӣ, саломатии бардавом, рӯзгори обод, бахту саодат ва ба Тоҷикистони азизамон суботи ҷовидона, ваҳдати пойдор ва пешрафти рӯзафзун орзу менамоям.