Имрӯз бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бахшида ба қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» ҳамоиши тантанавии…
Имрӯз бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бахшида ба қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» ҳамоиши тантанавии фарҳангӣ-маърифатӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур роҳбарон ва кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳия, ҷавонони волонтиёр ва гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мурабиёни мактаби варзиши, варзишгарон ва фаъолон иштироки фаъолона намуданд. Ҳамоиш аз назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ оғоз гардида, то Боғи фарҳангии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо роҳпаймоии идона идома ёфт.
Ҳадаф аз баргузории ин ҳамоиш арҷгузорӣ ба ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳкими сулҳу субот, тарғиби фарҳанги сулҳ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву масъулиятшиносии шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, мебошад.
Чорабинӣ дар фазои тантанавӣ ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардида, иштирокчиён аз иқдомҳои сулҳпарваронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҷонибдорӣ намуданд.