Санаи 2-юми июли соли 2026 дар толори Қасри фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ таҳти раёсати раиси ноҳия муҳтарам Амирзода Маҳмуд Ҳамид бо иштироки муовини якум ва муовинони раиси ноҳия, сардорони раёсатҳо, мудирони…
Санаи 2-юми июли соли 2026 дар толори Қасри фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ таҳти раёсати раиси ноҳия муҳтарам Амирзода Маҳмуд Ҳамид бо иштироки муовини якум ва муовинони раиси ноҳия, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот,раисони кумитаҳои маҳалла, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ маҷлиси навбатии назоратии назди раиси ноҳия баргузор гардид.
Зимни маҷлис масъалаҳои вобаста ба омодагӣ ва баргузории паради ҳарбӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ», ҳисоботи муовини раиси ноҳия оид ба вазъи соҳаи кишоварзӣ дар нимсолаи аввали соли 2026, инчунин дигар масъалаҳои муҳими фаъолияти мақомоти давлатӣ мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дода шуданд.
Раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Амирзода Маҳмуд Ҳамид зимни таҳлили масъалаҳои рӯзномаи маҷлис ба масъулин ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, омода намудани иншооти ҷашнӣ, таъмини тозагӣ ва ободии кӯчаву хиёбонҳо ва роҳҳои ҳудуди ноҳия, омодагии ҳамаҷониба ба баргузории Рӯзҳои фарҳангии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар пойтахти кишвар, бо натиҷаҳои баланди назаррас ҷамъбаст намудани рушди иҷтимоӣ иқтисодии ноҳия дар шашмоҳаи аввали соли 2026 , насби босифати шиору овезаҳои идона, иҷрои нақшаи кишти такрорӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистонгузаронӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар анҷоми маҷлис аз масъулини соҳаҳо талаб карда шуд, ки иҷрои саривақтӣ ва босифати супоришҳои додашударо таъмин намуда, ҷиҳати истиқболи арзандаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро боз ҳам тақвият бахшанд