Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ва дар доираи татбиқи ташаббуси эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «300 рӯзи созандагиву бунёдкорӣ», имрӯз дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ шанбегии умуминоҳиявӣ баргузор…
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ва дар доираи татбиқи ташаббуси эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «300 рӯзи созандагиву бунёдкорӣ», имрӯз дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ шанбегии умуминоҳиявӣ баргузор гардид .
Дар ин рӯзи корию созандагӣ занону бонувони ноҳия низ фаъолона иштирок намуда, дар ободонӣ, тозагӣ ва беҳсозии муҳити зист саҳми арзанда гузоштанд . Ҳадаф аз ин ташаббус омодагии шоиста ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тарғиби фарҳанги тозагӣ ва масъулиятшиносии ҳар як сокин дар ободонии Ватан мебошад .