АБДУЛЛОҲЗОДА ХАДИҶА — НАМУНАИ СОДИҚАТ БА КАСБ ВА ХИЗМАТ БА ҶОМЕА Имрӯз яке аз кормандони соҳибтаҷриба, масъулиятшинос ва содиқ ба касб мудири шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ — Абдуллоҳзода Хадиҷа ба нафақаи…
АБДУЛЛОҲЗОДА ХАДИҶА — НАМУНАИ СОДИҚАТ БА КАСБ ВА ХИЗМАТ БА ҶОМЕА
Имрӯз яке аз кормандони соҳибтаҷриба, масъулиятшинос ва содиқ ба касб мудири шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ — Абдуллоҳзода Хадиҷа ба нафақаи шоиста гусел карда шуд.
Зиндагиномаи меҳнатии ӯ намунаи ибрат барои насли ҷавон буда, беш аз се даҳсола фаъолияти пурсамарро дар низоми хизмати давлатӣ дар бар мегирад.
Сарнавишт ӯро ба соҳаи хизмати давлатӣ пайваст ва аз ҳамон рӯз то имрӯз бо ҳисси баланди масъулият дар пешрафти ин соҳа саҳми арзандаи худро гузоштааст.
Абдуллоҳзода Х. фаъолияти меҳнатии худро аз соли 1990 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оғоз намуда, дар вазифаҳои мудири шуъбаҳои коргузори назорат ва муроҷиати шаҳрвандон, рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ кору фаъолият кардааст.
Дар тамоми марҳилаҳои фаъолияти худ ҳамчун мутахассиси соҳибкасб, ташаббускор ва инсони хушмуомилаву нексиришт миёни ҳамкорон обрӯ ва эҳтироми хоса пайдо намудааст.
Ин ҳама нишони эътирофи хизматҳои арзандаи ӯ дар роҳи таҳкими низоми хизмати давлатӣ мебошад.
Таҷрибаи бой ва муносибати неки ӯ ҳамеша барои ҳамкорон мактаби омӯзиш ва ибрат боқӣ мемонад.
Имрӯз, ҳангоме ки ӯ ба нафақаи шоиста гусел мешавад, бо эҳсоси қадрдонӣ ва сипосгузорӣ аз заҳмати чандинсолаи ӯ аз ҷониби ҳамкорон ёдоварӣ карда шуд.
Боварии комил дорем, ки хизматҳои арзанда дар хотири ҳамкорон ва ҷомеаи меҳнатӣ ҳамеша боқӣ хоҳад монд.
Зимни гусел аз ҷониби раиси ноҳия мӯҳтарам Амирзода Маҳмуд Ҳамид Абдулоҳзода Х. Бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ карда шуда ба ӯ саломатии бардавом, рӯзгори ободу осуда, хушбахтии хонаводагӣ ва умри дарози бобаракат орзу намуда, барои хизматҳои содиқонааш ба давлат ва ҷомеа изҳори сипосу эҳтироми самимӣ карда шуд.