Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо иштироки намояндаи Агентии хизмати давлатӣ дар вилояти Хатлон Муродзода Н.Ғ. аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни аттестатсия, ки дар он раиси ноҳия муҳтарам Амирзода Маҳмуд Ҳамид иштирок намуданд, сатҳи донишҳои касбӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии хизматчиёни давлатӣ мавриди арзёбӣ қарор гирифт.
Раиси ноҳия таъкид намуданд, ки баланд бардоштани малакаҳои касбӣ, омӯзиши мунтазами санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва масъулиятшиносӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ аз талаботи асосии хизмати давлатӣ буда, ба масъулин ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти корӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.