Дар даври ниҳоии олимпиадаҳои фаннӣ хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ соҳиби 46 ҷойи ифтихорӣ (2 медали «тилло», 3 медали «нуқра» 41 медали «биринҷӣ) шуданд, ки нисбат ба соли гузашта 30 медал зиёд аст. Дар ин хусус ба АМИТ…
Дар даври ниҳоии олимпиадаҳои фаннӣ хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ соҳиби 46 ҷойи ифтихорӣ (2 медали «тилло», 3 медали «нуқра» 41 медали «биринҷӣ) шуданд, ки нисбат ба соли гузашта 30 медал зиёд аст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ хабар доданд.
Тавре масъулини шуъбаи маорифи ноҳия иброз доштанд, омӯзгорону хонандагоне, ки ба чунин дастоварҳо ноил мешаванд, пайваста аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ карда мешаванд.
Хонандагони лаёқатманди ноҳия дар маҳфилҳои фаннӣ омодагии хуб гирифта, дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд.
Хонандагони ноҳия ба ин дастовард дар натиҷаи ташкили дурусти кор, назорати доимӣ ва ҳамкории хуби волидайн бо мактаб ноил гардиданд.
Масъулини соҳаҳои дахлдор имрӯзҳо барои бофароғат ва босамар гузаштани таътили тобистонаи хонандагон тадбирҳои муҳим андешида, барои ҷалби онҳо ба хондани китобҳои бадеӣ дар китобхонаҳои мактабӣ ва истироҳатгоҳҳои беруназмактабӣ шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.