Дар доираи татбиқи ташаббуси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон таҳти унвони “365 рӯзи ободонӣ, созандагӣ ва бунёдкорӣ" бахшида ба ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Дармонбахш" бо иштироки…
Дар доираи татбиқи ташаббуси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон таҳти унвони “365 рӯзи ободонӣ, созандагӣ ва бунёдкорӣ" бахшида ба ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Дармонбахш" бо иштироки аъзои фаъоли ҳизб аксияи тозагӣ баргузор гардид.
Дар рафти аксия тозагӣ гирду атрофи беморхона роҳу роҳравҳо, гулҳои ороишӣ аз алафҳои бегона ва партовҳо тоза карда шуд. Баргузории чунин ташаббусҳо тарғиби фарҳанги ободонӣ, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва саҳмгузорӣ дар зебоии муҳити зист мебошад.