Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо мақсади сазовор таҷлил намудани 81-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар ҷанги Бузурги Ватанӣ як қатор ҷорабиниҳо дар ноҳия роҳандозӣ гардид. Аз он ҷумла санаи 8-майи соли…
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо мақсади сазовор таҷлил намудани 81-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар ҷанги Бузурги Ватанӣ як қатор ҷорабиниҳо дар ноҳия роҳандозӣ гардид. Аз он ҷумла санаи 8-майи соли равон аъзои ТҶҶ” Созандагони Ватан ” ва аъзои ташкилоти ибтидоии “ Башардустон ” бо роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Шарифзода Рамазон дар боғи фарҳангии ноҳия дар зери ҳайкали Аскари номаълум гулчанбар гузошта, инчунин дар рафти чорабинӣ аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Шарифзода Рамазон ба хотири гиромидошти руҳи гузаштагони ин ҷанги хонумонсуз лаҳзае хомуши эълон намуданд.
Сипас, Шарифзода Рамазон қайд намуд ки, қаҳрамониву ҷоннисориҳои фарзандони тоҷик дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар корномаи таърихи миллати мо бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, ҳамчун роҳнамои ибратомӯзи насли оянда боқӣ хоҳад монд. Номҳои ҳар як қаҳрамонон ҳаргиз фаромӯш нохоҳад гашт.Ҷоннисориҳои фарзандони тоҷик дар ин ҷанг, ҳамчун роҳнамои ибратомӯзи насли оянда боқӣ хоҳад монд. Тибқи маълумотҳо дар ин ҷанг зиёда аз 300 ҳазор нафар сафарбар гардида, аз ин ҷанг 92 ҳазор нафар фарзандони миллати тоҷик бар нагаштанд. Ҳамзамон дар кишвар дар лаҳзаҳои вазнини ҷанг мардуми тоҷик барои ҳимояи Ватан охирин сарвату дороии худро ҷамъ намуда, мефиристоданд, то кумаке дар роҳи ғалаба бар фашизм гардад. Дар солҳои 1941–1945, 27 миллион нафар мардуми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳалок шуда, шаҳрҳои зиёде пурра хароб гардида, миллионҳо нафар бехонаву дар монданд. Барои шуҷоъат ва қаҳрамонӣ дар набардҳо ва муҳорибаҳо бо фашистон 56 ҳазор фарзандони Тоҷикистон бо ордену нишонҳои ҷангӣ сарфароз шуда 54 нафар бо унвони баландтарин — Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз шуда ва 15 нафар соҳиби ордени Шуҷоъат гардидаанд.