Баргузории маросими пуршукӯҳи савгандёдкунии наваскарон маросимест, ки дар вуҷуди ин навдаъватшудагон ҳисси масъулият ба ҳимояи Ватанро бедор месозад. Ин чорабинии хотирмон дар қисми низомии 87740 бо иштироки муовини аввали раиси ноҳияи Абдураҳмони…
Баргузории маросими пуршукӯҳи савгандёдкунии наваскарон маросимест, ки дар вуҷуди ин навдаъватшудагон ҳисси масъулият ба ҳимояи Ватанро бедор месозад.
Ин чорабинии хотирмон дар қисми низомии 87740 бо иштироки муовини аввали раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусозода Абдухолиқ Исо ва дигар намояндагони мақомоти давлатӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, фаъолони ҷомеа ва сокинони ноҳия дар фазои тантанавӣ баргузор гардид.
Мусозода Абдухолиқ зимни суханронии хеш таъкид намуд, ки ҳифзи марзу буми Ватан, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва садоқат ба давлату миллат вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавонмарди ватандӯст ба ҳисоб меравад.
Дар идомаи чорабинӣ наваскарон бо эҳсоси баланди масъулият ва муҳаббат ба Ватан савганди ҳарбӣ ёд намуда, омодагии худро барои ҳимояи истиқлолият, субот ва амнияти кишвар изҳор доштанд. Садои қавии савганди онҳо дар ҳузури падару модарон, шаҳрвандон ва ҷавонони синни даъватӣ фазои ифтихор ва рӯҳияи ватандӯстиро бештар намуд.
Баъд аз анҷоми қисми расмии маросим барномаи фарҳангӣ баргузор гардида, ҳунармандони ҷумҳурӣ бо иҷрои сурудҳои ватандӯстона ва рақсу таронаҳои дилнишин хотири иштирокчиёнро болида гардониданд. Барномаи фарҳангӣ ба чорабинӣ шукӯҳи хоса бахшида, рӯҳияи сарбозон ва меҳмононро болида намуд. Ҳамзамон дар ин рӯз аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ барои сарбозон дастархони идона ороста гардида, волидайн аз ҳолати буду боши фарзандон аз наздик ошноӣ пайдо намуданд.
Бояд қайд намуд, ки ин қисми низомӣ яке аз беҳтарин қисмҳои низомии кишвар ба ҳисоб рафта, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ пайваста аз ҳолу аҳволи сарбозон бохабар мебошанд.