Имрӯз, 11 май дар шаҳри Бохтар Симпозиуми байналмилалӣ таҳти унвони “Хутали қадим - пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ-форсӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ” бо иштироки роҳбарияти вилояти Хатлон, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,…
Имрӯз, 11 май дар шаҳри Бохтар Симпозиуми байналмилалӣ таҳти унвони “Хутали қадим - пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ-форсӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ” бо иштироки роҳбарияти вилояти Хатлон, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимону бостоншиносон, муҳаққиқони дохиливу хориҷӣ ва намояндагони корпуси дипломатӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиши илмӣ Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Анвар Сафарзода, директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хоҷазода, мушовир-фиристодаи Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вера Хуторская, коршиноси идораи дипломатии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҷавонмард Муҳаммад, бостоншиноси Институти таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Татьяна Филимонова ва номзади илмҳои таърих, дотсенти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҷонибек Асрориён иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид меҳмонон ва иштирокдорони симпозиумро ба шаҳри Бохтар хайрамақдам гуфта, баргузории чунин ҳамоиши илмиро дар муаррифии ҷойгоҳи таърихии Хутали қадим муҳим арзёбӣ намуд.
Қайд гардид, ки Хутали қадим ҳамчун яке аз марказҳои муҳими ташаккули тамаддуни ориёӣ, забони тоҷикӣ-форсӣ ва фарҳанги бостонии минтақа шинохта шуда, дар сарчашмаҳои таърихӣ бо номҳои “Хутал”, “Хуталон” ва “Хатлон” ёд шудааст. Ба гуфтаи раиси вилоят, осори таърихӣ ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ аз мавҷудияти фарҳанги ғании моддию маънавӣ дар ин сарзамин шаҳодат медиҳанд.
Давлаталӣ Саид таъкид намуд, ки ёдгориҳои таърихии “Аҷинатеппа”, “Ҳалевард”, “Золи Зар”, “Ҳулбук”, “Тахти Сангин” ва дигар мавзеъҳои нодири Хатлон имрӯз ҳамчун мероси арзишманди башарӣ таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб намудаанд. Ӯ ҳамзамон нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон-ро дар ҳифзу муаррифии мероси таърихию фарҳангии тоҷикон махсус арзёбӣ кард.
Сипас, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Анвар Сафарзода зимни суханронии худ иброз дошт, ки омӯзиши таърихи Хутал барои дарки решаҳои фарҳангӣ ва худшиносии миллӣ аҳаммияти бузург дошта, чунин ҳамоишҳо дар муаррифии таъриху фарҳанги тоҷикон дар сатҳи байналмилалӣ нақши муассир мегузоранд.
Директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ Шералӣ Хоҷазода таъкид намуд, ки Хатлон аз минтақаҳои дорои шумораи зиёди ёдгориҳои таърихӣ буда, ҳифзу нигоҳдорӣ ва омӯзиши илмии онҳо вазифаи муҳими муҳаққиқон ва ниҳодҳои соҳавӣ мебошад. Ба гуфтаи ӯ, имрӯз як қатор ёдгориҳои нодири Хутали қадим ба феҳристи мероси фарҳангии ҷаҳонӣ ворид гардидаанд.