Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ вохӯрии судманд бо иштироки намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Хатлон Рӯзизода Азиз Ёқуб баргузор гардид, ки ба масъалаҳои…
Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ вохӯрии судманд бо иштироки намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Хатлон Рӯзизода Азиз Ёқуб баргузор гардид, ки ба масъалаҳои пешгирии зуҳуроти номатлуби ҷомеа, бахусус коррупсия, бахшида шуд.
Дар вохӯрии мазкур раиси ноҳия муҳтарам Амирзода Маҳмуд Ҳамид, муовинони раиси ноҳия, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва фаъолони ҷомеа иштирок намуданд.
Нахуст, раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ муҳтарам Амирзода Маҳмуд Ҳамид меҳмони гиромиро муаррифӣ намуда, ташрифи ӯро ба ноҳия хайрамақдам гуфтанд. Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар доираи татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муқовимат ба коррупсия ҳамкории судмандро бо сохторҳои дахлдор ба роҳ монда, баҳри иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.
Қайд карда шуд, ки коррупсия яке аз омилҳои хавфноки ҷомеа буда, ба амнияти миллӣ, рушди иқтисодӣ ва эътибори давлату миллат таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, мубориза бо ин падидаи номатлуб вазифаи муҳими ҳар як шаҳрванди кишвар ба шумор меравад.
Дар идома намояндаи Агентӣ Рӯзизода Азиз Ёқуб вобаста ба роҳҳои пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, инчунин масъулияти шахсони мансабдор дар риояи қонунгузорӣ баромад намуда, иштирокчиёнро ба ҳамкории зич дар ин самт даъват намуд.
Зимни вохӯрӣ таъкид гардид, ки барои пешгирии коррупсия зарур аст, корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ боз ҳам пурзӯр гардида, шаффофият дар фаъолияти идораҳо таъмин ва назорати ҷамъиятӣ тақвият дода шавад.
Дар анҷоми чорабинӣ раиси ноҳия муҳтарам Амирзода Маҳмуд Ҳамид барои баргузор намудани чунин вохӯрии судманд изҳори миннатдорӣ намуда, ҳамаи фаъолон ва масъулини соҳаҳоро ба масъулияти баланд, риояи қатъии қонунгузорӣ, пешгирии ҳар гуна қонунвайронкуниҳо ва пешниҳоди саривақтии иттилоот даъват намуданд.